Главная / Гуногун / Орди моҳӣ

Орди моҳӣ

Орди моҳӣ, хӯроки чорвост, ки аз моҳӣ ё партовҳои саноатии он тайёр мекунанд. Моҳӣ ва партови онро хушконда, орд мекашанд. Орди моҳӣ серпротеин (то 60%) буда, ба миқдори зиёд калсий фосфор, витаминҳои А, Д ва гурӯҳи В дорад. 1 килограмм Орди моҳӣ мм ки зиёда аз 50% протеин дорад, баробари 0,90—0,93 воҳиди хӯрокист.

Сифати Орди моҳӣ ба миқдори равғани таркибаш вобаста мебошад. Ордеро, ки дар он зиёда аз 18%’ равған ҳаст, муддати дароз нигоҳ доштан мумкин нест ва аз гӯшту шири чорвое, ки чунин ордро хӯрдааст, бӯю мазаи моҳӣ меояд. Орди моҳиро ба хӯроки хук, парранда, гӯсола ва ғайра ҳамроҳ мекунанд. Орди моҳӣ ҷузъи таркибию муҳимми хӯроки омехта мебошад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …