Главная / Гуногун / Ордени тевтон

Ордени тевтон

Ордени тевтон, Ордени немис, Ордени салибдорон, ташкилоти немисии динии католи­кӣ ва рисарист, ки асрҳои 13—15 дар Европаи Шарқӣ таҷовузи феодалиро ба амал мебаровард. Ордени тевтон охири асри 12 дар Фаластин дар давраи Юришҳои салибдорон таъсис ёфта, соли 1198 аз тарафи папа Иннокенти III ба расмият дароварда шуд. Ордени тевтон  дар Германия ва Европаи Ҷанубӣ соҳиби мулкҳои зиёд буд.

Соли 1230 ба забти сарзамини прусҳо cap карда, охири асри 13 ҳокими пурраи он гардид. Дар ҳудуди Пруссияи Шарқӣ ва қисми Литва ҳокимияти худро пойдор гардонда, Поморияи Полша ва шаҳри Гданскро зери даст кард ва дар кишварҳои истилокардааш давлати феодалӣ ташкил намуд. Ордени тевтонро қувваҳои муттаҳидаи литвониҳо, полякҳо, русҳо ва чехҳо дар муҳорибаи Грюнвалд (1410) торумор карданд. Ордени тевтон мувофиқи сулҳномаи Торун (1466) худро вассали Полша шуморида, як қисми замини онро баргардонид. Пруссияи Шарқӣ, ки дар ихтиёри Ордени тевтон  буд, соли 1525 ба герсогии Пруссия табдил дода шуд.

Ордени франсискҳо, ташкилоти роҳибони католики қашшоқ аст, ки солҳои 1207—09 Франсиска Ассизонӣ дар Италия ташкил кард.

Соли 1228 папаи Рим низомномаи орденро тасдиқ намуда, фаъолияти онро зери назорат гирифт. Бо таъсиси Ордени франсискҳо ба ташкили орденҳои қашшо- қон ибтидо гузошта шуд. Аҳди ор­ден дар тӯли асрҳо ёрдамчии фаъоли калисои католикӣ б уд. Дар давраи Револютсияи Кабири Франсия, Ревлютсияи Ис­пания (1834—43) ва дигар револютсияҳои буржуазии асри 19-й Европа Ордени франсискҳо таъқиб шуданд.

Дар охири асри 19 аввал дар Испания, баъд дар Франсия орденҳо барқарор карда шуданд. Ҳоло Ордени франсискҳо дар мамлакатҳои Африка ва Осиё тарғиботчии дини католикист. Ордени франсискҳо бо шохаҳояш дар Италия, Испания, Франсия, Республикаи Федеративии Германия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Канада, Туркия, Бразилия, Парагвай ва мамлакатҳои дигар қариб 40 000 (1975) аъзо дорад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …