Главная / Гуногун / Ордени шамшердорон

Ордени шамшердорон

Ордени шамшердорон, таш­килоти немисии динии католикӣ ва рисарист. Расмаш «Бародарони лашкари Исо» ном дошт. Соли 1202 бо мақсади забт намудани Наздибалтикаи Шарқӣ таъсис ёфт. Номи анъанавии Ордени шамшердорон аз шамшери сурхи салибдори дар либоси сафеди шамшердорон тасвирёфта бармеояд. Устави Ордени шамшердорон дар асоси устави тамплиерҳо тартиб дода шудааст.

Бевосита ба епископи Рига итоат мекард. Ибтидои асри 13 ба муқобили халқҳои Наздибалтика юришҳои салибӣ ташкил карда, бисёр заминҳои Наздибалтикаи Шарқиро тасарруф намуд. Соли 1207 папаи Рим сеяки ин заминҳоро мутааллиқи мулки Ордени шамшердорон  донист. Ордени шамшердорон ба ҳудуди князии Полоск cap дароварда, ба Новгород ва Псков тахдид кард.

Соли 1234 князи Новгород Ярос­лав Всеволодович дар наздикии Дерпт (Тартуи ҳозира) ба Ордени шамшердорон  зарбаи ҳалокатовар зад. Соли 1236 қувваҳои муттаҳидаи литвониҳо ва земгалҳо дар наздикии Сауле (ҳозира Шяуляи Литва) Ордени шамшердоронро пурра торумор карданд. Боқимондаи Ордени шамшердорон соли 1237 бо Ордена тевтон муттаҳид шуда, дар Наздибалтикаи Шарқӣ Ордени ливонро ташкил намуд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …