Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ордени ливон

Ордени ливон

Ордени ливон, ташкилоти католикӣ ва ҳарбию сиёсии рисарҳои Ордени тевтон, ки соли 1237, баъди шикасти Ордени шамшердорон дар назди Сауле (1236) ташкил ёфт. Территорияи Ордени ливон қариб 2/з мулкҳои латҷшҳо ва эстонҳоро, ки рисарҳои немис дар Наздибалтикаи Шарқӣ забт карда буданд, дар бар мегирифт. Ба Ордени ливон магистр сарварӣ мекард, ки қароргоҳи ӯ Рига ё Вендене (Сесисе) буд.

Дар охири асри 14 дар назди магистр шуро таъсис ёфт, ки ба он 5—6 амалдори олии орден дохил мешуданд ва онҳо тамоми сиёсати Ордени ливонро муайян мекарданд. Аъзоёии Ордени ливон мақсад доштанд ба сӯи Шарқ; ҳаракат карда заминҳои навро истило намоянд. Вале соли 1242 лашкари русҳо бо сардории Александр Невский ба онҳо зарбаи сахт зада, ҳаракати Ордени ливонро ба сӯи Шарқ боздошт.

Солҳои 20 aсри 16 дар натиҷаи зиддиятҳои синфию диннӣ дар Наздибалтикаи Шар­қӣ мавқеи сиёсии Ордени ливон суст шуд. Орден дар давраи Ҷанги ливон (1558—83) ба қисмҳо ҷудо шуд (1561) ва 5 марти 1562 пурра барҳам хӯрд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …