Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орденҳои СССР

Орденҳои СССР

Орденҳои СССР, нишонаҳое, ки ҳамчун мукофоти олӣ барои хизматҳои махсус дар сохтмони сотсиалистӣ ва мудофиаи СССР дода мешаванд. Ордени аввалини советӣ Байрақи Сурх буд, ки онро КИМ Умумироссия 16 сентябри 1918(СУ РСФСР, 1918, № 69, ст. 742) барои мукофотонидани гражданҳое, ки дар амалиёти ҳарбӣ шуҷоат ва мардонагии махсус нишон медиҳанд, таъсис кард. Орденҳои ҷангии Байрақи Сурх, Ҳилоли Аҳмар, Ситораи Нуқрагин, Ситораи Сурх солҳои 1920—21 дар дигар республикаҳои советӣ низ таъсис гардиданд. Баъди таъсис ёфтани ордени умумииттифоқии Байрақи Сурх 1 августи 1924 бо орденҳои республикавӣ мукофотонидан қатъ гардид.

Дар Съезди 8-умй- Умумироссиягии Советҳо 28 декабри 1920 (СУ РСФСР, 1921, № 1, ст. 7) барои муваффақиятҳои меҳнатӣ ва хизмати шоён ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (ордени Байрақи Сурхи Меҳнат дар дигар республикаҳои иттифоқӣ) таъсис шуд.

Мукофотонидан бо ин орден баробари таъсис гардидани ордени ягонаи умумиит- тифоқӣ — Байрақи Сурхи Меҳнат қатъ шуд. Мувофиқи моддаи 121 Конститусияи СССР (1977) ҳуқуқи таъсиси ордену медалҳои СССР ва мукофотонодани онҳо ба Президиу­ми Совети Олии СССР тааллуқ до­рад. Бо орденҳои «Шарафи модарӣ» мукофотонидани модарони серфарзандро бо ваколати Президиуми Со­вети Олии СССР ва аз номи он Президиуми Совети Олии республикаҳои Иттифоқӣ ва автономӣ ба амал меорад.

Дар СССР 19 орден таъсис шуда­аст (ба тартиби хронологӣ зикр ме- шаванд):            Байрақи Сурх (1 августи 1924); Байрақи Сурхи Меҳнат (7 сентябри 1928); Ленин (6 апрели 1930); Си­тораи Сурх (6 апрели 1930); «Нишони Фахрӣ» (25 ноябри 1935); Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2; 20 май 1942); Суворов (дараҷаҳои 1, 2 ва 3), Куту­зов (дараҷаҳои 1 ва 2), Александр Невский (29 июли 1942); Кутузов (дараҷаи 3; 8 феврали 1943); Богдан Хмелниский (дараҷаҳои 1, 2 ва 3; 10 октябр 1943); «Ғалаба»—ордени одии ҳарбӣ, Шараф (дараҷаҳои 1, 2 ва 3; 8 ноябри 1943); Ушаков (дараҷаҳои 1 ва 2), Нахимов (дараҷаҳои 1 ва 2; 3 марти 1944); «Қаҳрамонмодар»; «Шарафи модарӣ» (дараҷаҳои 1, 2 ва 3; 8 июли 1944); Револютсияи Ок­тябр (31 октябри 1967); Дӯстии Халқҳо (17 декабри 1972); Шарафи Меҳнат (дараҷаҳои 1, 2 ва 3; 18 янв. 1974); «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (дараҷаҳои 1, 2 ва 3; 28 октябри 1974).

Ҳар як орден Низомнома дорад, ки онро Президи­уми Совета Олии СССР тасдиқ кар­да аст. Дар Низомнома хизматҳои бу­зурги одамон дар назди давлат ва ҷамъият, ки боиси мукофотонида шудан мегардад, ҳамчунин қоидаҳои конкретии мукофотонидан бо орден ва тарзи овехтани он муқаррар кар­да шудааст.

Масъалаҳои умумие, ки ба мукофотонидани Орган СССР дахл доранд, мувофиқи Низомномаи умумӣ оид ба Орган СССР аз 7 май 1936 (СЗ СССР, 1936, № 24, ст. 220 б) ва 11 феврали 1958 бо укази Президиуми Со­вети Олии CССP «Оид ба тартиби мукофотонидан бо ордену медалҳои СССР» («Ведомостҳои Совети Олии СССР», 1958, № 4, ст. 87) ба тартиб дароварда шудаанд. Бо Орган СССР шахсони алоҳида (гражданкой СССР ва хориҷй), коллективу муассисахо, ташкилоту идораҳо, республикаҳо кишварҳо. вилояту шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳо ва соединенияҳои ҳарбӣ ва ғайра мукофотонида мешаванд. Ба шахсое, ки бо ҳар 3 дараҷаи орденҳои Шараф, Шарафи меҳнатӣ ва «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» мукофотонида шудаанд, баъзе имтиёзҳо дода мешавад.

Орденҳои Ленин, Ревюлютсияи Ок­тябр, Байрақи Сурх, Байрақи Сур­хи Меҳнат, Дустии Халқҳо, «Нишо­ни фахрӣ», Шараф, Шарафи меҳнат, «Ғалаба», « Қаҳрамонмодар », «Шара­фи модарӣ» дар тарафи чапи сари сина, орденҳои Суворов, Ушаков, Кутузов, Нахимов, Богдан Хмел­ниский, Александр Невский, ордени Ҷанги ватанӣ, Ситораи Сурх дар та­рафи рости сари сина овехта меша­ванд.

Аз Орган СССР танҳо бо қарори Пре­зидиуми Совети Олии СССР дар асо­си ҳукми суд ё дар натиҷаи зоҳир шудани кирдори ношоям маҳрум кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …