Маълумоти охирин

Орд

Орд, навъи хӯроквориест, ки аз дони зироатҳои гуногун ҳосил меку­нанд. Ордро асосан аз гандум истеҳсол менамоянд. Аз ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка, сулӣ, ҷуворӣ, марҷумак, мош, арзан, нахӯд, нахӯди чинӣ ва дигар зироат низ Орд мекоштанд. Ордро барои тайёр кардани навъҳои гуногуни нон, маҳсулоти қаннодӣ ва макаронӣ, комбикорм истифода меба­ранд; ба хӯроки чорво низ ҳамроҳ мекунанд.

Таркиби химиявӣ, қимати ғизоӣ ва сифати технологии Орд (нигаред ҷад- вал) ба навъу сифати дон ва тарзи ордкашӣ (%ии Орд нисбат ба вазни дон) ва навъи Орд вобаста аст.

Ордии обойнӣ (крупчатка) ва Ордии навъи 2 витаминҳои В|, В2 РР ва В доранд, вале дар Орди баландсифат ва Орди навъи 1-ум чунин витаминҳо қариб нестанд. Дар Орд ферментҳои гуногун (протеиназаҳо, декстриногенамилаза, сахарогенамилаза, ка­талаза, липаза ва ғайра) низ мавҷуданд, ки ба ҷараёни нонпазӣ ва сифати нон таъсири калон мерасонанд.

Аз ҷавдор одатан як навъ Орд истеҳсол мекунанд. Аз омехтаи гандуму ҷавдор низ як навъ Орд мекашанд (96 %- аи гандуму ҷавдор, ки 70% гандум ва 30%’ ҷавдор ва 95%-аи ҷавдору гандум, ки 60% ҷавдор ва 40%’ ган­дум дорад). Орди хушсифат бӯи пас­ти махсус ва таъми бенамак дорад. Сифати Орд ҳангоми нигоҳдорӣ мумкин аст тағйир ёбад.

Орд аввалҳои нигоҳдорӣ (то 1 моҳ) дар ҳарорати баланд (20°—30° Селсия) дар натиҷаи гидролизи равған ва просессҳои оксидшавӣ «мепазад» (сифати нонпазии Орд беҳтар мегардад). Ҳангоми нигоҳдо­рии дарозмуддат сифати Орд паст мешавад. Намии Орд бояд аз 15% зиёд набошад. Орди намиаш зиёд турш шуда, мағор мебандад; Орди намиаш кам (9—13%) тез талх мешавад. Ордро аз зараррасонҳои ғалладона ҳифз мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …