Маълумоти охирин

Орбита

«Орбита», номи шартии стансияҳои рӯизаминии алоқаи кайҳонӣ, ки дар территорияи СССР системаи ягонаро ташкил медиҳанд; тавассути радифони алоқаи «Молния» барои рет­ранслятсияи минбаъда барномаҳои монохромӣ (сиёҳу сафед) ва рангаи телевизиони марказиро ирсол ва қабул мекунад. Аввалин 20 стансияи ин система соли1967 ба кор cap карданд ва соли 1982 шумораи онҳо қариб ба 100 расид. Бо бунёди «Орбита» бисёр телемарказҳое, ки дар пунктҳои дурдасти мамлакат ҷой гирифтаанд, имконият пайдо карданд, ки барномаҳои 1-ум ё 2-юми программаи Телевизиони марказиро қабул кунанд.

Аввалҳо дар системаи советии алоқаи кайҳонӣ радифони «Молния-1» дар диапазони мавҷҳои десиметрӣ амал мекарданд. Соли 1972 стансияҳои «0.-2» сохта шуданд, ки бо радифони «Молния-2» (дар диапазони мавҷҳои сантиметр) кор мекунанд. Системаи амалкунандаи алоқаи кайҳонии СССР «Молния-Орбита» ном ги­рифт. Ин система ғайр аз қабули барномаҳои телевизионӣ, инчунин барои мубодилаи дутарафа ё ирсоли яктарафаи навъҳои дигари ахборот хизмат менамояд.

Системаи «Мол­ния-Орбита» дар тамоми территорияи СССР амал мекунад. Сеансҳои алоқа бо ёрии дар як радифи «Молния» дар шаборӯз 8—10 соат давом мекунанд. Стансияҳои советии рӯизаминии алоқаи кайҳонии «Орбита» дар Куба, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Советии Чехославакия, Республикаи Халқии Муғулистон, Республикаи Халқии Полша, Республикаи Советии Венгрия ва Ҳиндустон низ истифода бурда мешаванд. Стансияҳои «Орбита-2» дар Хо­руғ (1977), Душанбе (1979) сохта  шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …