Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орбели Леон Абгарович

Орбели Леон Абгарович

Орбели Леон (Левон) Абгарович (7. 7. 1882, Ереван — 9. 12. 1958, Ле­нинград), физиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1935; аъзо-корреспондент 1932), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1943), академики АИТ СССР (1944), Ҳодими Хизмат- нишондодаи Илми РСФСР (1934),

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945), генерал- полковники хизмати тиббӣ. Бародари И. А. Орбели. Соли 1904 Академи­ки ҳарбию тиббии Петербургро хатм кардааст. Солҳои. 1907—20 ҳодими Ин­ститути тиббии таҷрибавӣ, 1918—57 роҳ- бари лабораторияи физиологияи Инстту­ти илмии ба номи П. Ф. Лесгафт ва дар як вақт роҳбари як қатор институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои СССР ва АИТ СССР.

Солҳои 1939—48 академик- котиби Шуъбаи илмҳои биологӣ ва 1942—40 ноиби президенти Академияи Фанҳои СССР буд. Орбели дар омӯзиши функсияи фи­зиологӣ принсипҳои дарвинизмро муттасил истифода бурда, соҳаи на­ви илм — физиологияи эволютсиониро инкишоф дод. Системаи асаби симиатикиро тадқиқ намуда, функ­сияи мутобикату тағзиявии онро ошкор намуд. Орбели нишон дод, ки майнача на фақат координасияи муҳаррикии организмро идора мекунад, балки функсиям вегетативии онро низ ба танзим медарорад. Ӯ бо ин таълимоташ тасаввуроти навро оид ба функсияи майнача асоснок кард ва дар ҳалли масъалаҳои дард, фи­зиологияи анализаторҳо, тибби кайҳонӣ, инчунин таъсири марказҳои зериқишрӣ ба ҳолати функсионалии қишри мағзи cap, таъсири мутақобили системаҳои афферентӣ (ҳис) ва ғайра саҳми босазо гузошт.

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941) ва Мукофоти ба номи И. П. Павлови Академияи Фанҳои СССР (1937); аъзои Ҷамъияти биологии Париж; 1930  аъзои Академияи табиатшиносони «Леополдина»-и Германия (1931) ва дигар Академияи Фанҳо ва ҷамъиятҳои хориҷа. Бо 4 ордени Ленин, 4 орде­ни дигар, ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Избранные труды, Том 1—5, Москва— Ленинград, 1961—68.

Адабиёт: Л е й б с о н Л. Г., Леон Абгаро­вич Орбели, Ленинград, 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …