Маълумоти охирин

Оратория

Оратория (лотинӣ oratoreum — ибодатгоҳ), асари калони «мусиқиест, ки одатан дорои сюжети драмавӣ буда, барои сарояндагон (солистон), хор ва оркестр эҷод мешавад. Оратория бо кантата қаробат дорад, вале аз он бо ҳаҷм, хусусияти эпикию драмавӣ ва сюжет фарқ мекунад. Оратория дар асрҳои 16—17 дар Италия пайдо шудааст. Ба ташаккули Оратория жанрҳои опера ва мадригал мусоидат намудаанд.

Дар асри 18 Оратория ба опера наздик шуда, баъзан дар саҳна иҷро мегардид. Дар ин давра оҳантсозони италиявӣ Ҷ. Карпссими, А. Скарлатти, Ҷ. Перголези, Д. Чимароза ва дигар  Оратория навиштаанд. Инчунин шаклҳои хоси Ораторияҳои немисӣ, австриягӣ, франсавӣ пайдо шуда, инкишоф ёфтанд. Бастакори англис Г. Ф. Гендел (асри 18) дар та­шаккули ин жанр саҳме гузошт. Як қатор бастакорони намоёни асрҳои  18—19 Европа И. С. Бах, И. Гайдн, Г. Берлиоз, Ф. Лист, Р. Шуман, К. Сен-Санс, Ж. Масоне ва дигар жанрҳо  Ораторияро ба пояҳои баландтар бардоштанд.

Дар асри 20 А. Онеггер («Жанна д’Арк дар гулхан»), Э. Г. Мейер («Ораторияи Мансфелд») асарҳои мукаммали ораторӣ эҷод карданд. Аввалин Ораторияи русӣ соли 1811 навишта шудааст («Минин ва Пожарский ё Москва и озод»-и С. Дегтярёв). Дар замони советӣ жанри Оратория ба бозёфтҳои муҳимми эҷодӣ ноил шуд: «Емелян Пугачёв»-М. Ковал, «Достони муҳориба барои сарзамини рус»-и Ю. Шапорин, «Муҳофизати сулҳ»-и А. Прокофев, «Ораторияи муассир»-и Г. Свиридов ва ғайра. Дар Тоҷикистон аввалин бор бастакорон Ф. Солиев ва М. Светаев Оратория навиштаанд: бахшида ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр (1967).Ораторияи Я. Саб­за нов «Чароғҳои Норак» (1970) хеле машҳур аст. Ба ҷашни 50-солагпи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  М. Ашрафӣ аз рӯи достоин «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ораторияи «Досто­ни Рустам»-ро навишт (1974).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …