Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ораонҳо

Ораонҳо

Ораонҳо, д х а н г а р (худ к урух гӯянд), халқест, дар пуштакӯҳи Чхота-Нагпур (Ҳиндустон) дар банки халқҳои мунда. Дар Ҳиндустон гурӯҳҳои начандон калони Ораонҳо дар штати Орисса, Бенгали Ғарбӣ, Ассам маскунанд. Шумораашон 1,4 миллион нафар (1978). Забони Ораонҳо ба оилаи за­бонҳои дравидӣ мансуб аст.

Дар дини Ораонҳо ҳиндуия бо дину оинҳои қадимаи қабилавӣ даромехтааст. Машғулияти асосиашон деҳқонист. Ораонҳо баъзе унсурҳои авлодию қабилавиро маҳфуз доштаанд. Ҷамоаҳои деҳоти Ораонҳоро шӯроҳои интихоби — панҷаятҳо идора мекунанд.

Адабиёт: Народы Южной Азии, Москва, 4963.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …