Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орангутан

Орангутан

Орангутан (малаӣ orang-utan — одами ҷангалӣ), (Pongo pygmaeus), маймуни калони одамшакл; намояндаи ягонаи ҷинси Pongo. Ду зернамудаш дар ҷазираҳои Ка­лимантан (Р. р. ру- gmaeus) ва Сумат­ра (Р. р. abelii) паҳн шудааст.  Орангутани наринаи болиғ (қадаш 130—150 сантиетр, вазнаш то 100— 150 килограмм) нисбат ба модинааш калонтар аст. Мӯяш зарди сурхчатоб, рӯяш бемӯи паҳн, гушҳояш хурд аст. Ҳаҷми майнааш 400—500 сантиметр. Дум ва сурин надорад.

Дастонаш хеле дароз (ҳангоми ёзондан то 3 метр), ка­фи дастонаш васеъ. Пойҳояш нисбатан кӯтоҳ, кафи пояш борик ва панҷаҳояш дароз-дарозанд (панҷаи якумаш кӯтоҳ ва одатан бенохун мешавад). Панҷа ва кафи дасту пояш ба­рои доштан, чанг задан мувофиқ гаштаанд. Орангутанҳо дар бешаҳои ботлоқӣ, дар болои дарахтҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд.

Орангутанҳо асосан самари наботот, тухми паррандаҳоро мехӯрад. Дар 10—12-солагӣ ба балоғат мерасад. Давраи ҳомилааш 275 шаборӯз. Орангутани навзод тахминан 1,5 кг б уд а, то 3—4-солагӣ шир мемакад. Орангутан то 30 сол умр мебинад. Орангутан чун ҷонвари нодир муҳофизат карда мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …