Оғзикичик, м а ғ о р а, қароргоҳи мансуб ба ҳазораҳои 50—40 то метр, ки 25 километр шимоли шарқи Данғара дар доманаи ағбаи Гулизиндон дар баландии 1400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Солҳои 1970—77 В. А. Ранов тадқиқ намуд. Масоҳати умумии ҳафриёт 200 метр2. Қабатҳои маскун аз як қатор оташдонҳои кушод иборат аст; ки он аз маскан будани мағора далолат мекунад. Байни оташдонҳои пур аз устухонҳо қитъаи дорои «қабати сангпуштӣ»» ҷониби диққат аст, ки барои археологияи асри санг нодиртарин «қабат» мебошад. Ғафсии «қабат» 4,5 метр буда. аз он садҳо косахонаи сангпушт ёфт шуданд, ки гӯшташонро одамони ибтидоӣ истеъмол мекардаанд.
Бошандагони Оғзикичик ба ғайр аз сангпушт оҳу, хирс, гург, ҷайраро низ шикор мекардаанд, ки дар ин бобат устухонҳо шаҳодат медиҳанд. Инчунин устухонҳои каркадани пашмдароз ва қадимтарин аспи хачирмонанд (ҳоло нест шудааст) дучор мешаванд. Аз Оғзикичик зиёда аз 10 ҳазор олат ҷамъ оварда шудааст, ки аз ҷиҳати миқдор, гуногунӣ ва сифати олоти сангӣ дар Осиёи Миёна макони бойтарин аст. Байни олоти сангӣ тезкунҷаҳо, нӯгтезҳо, тарошкордҳои гуногун, кордҳо, ханҷарҳои суфтаи сангӣ хастанд.