Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оптимизм ва пессимизм

Оптимизм ва пессимизм

Оптимизм ва пессимизм (аз лотинӣ optimus — беҳтарин ва pes- simus—бадтарин), ду муносибати зидди ҳамдигар ба рафти ҳодисаҳо; оптимизм боварӣ ба ояндаи нек, имкони тантанаи некӣ бар бадӣ, адолат бар беадолагист, пессимизм — анҷоми бади ҳодисаҳо, рӯҳафтодагӣ, нобоварӣ ба тантанаи некӣ бар бадист. Дар таърихи фалсафа ҷаҳонбинии оптимистиро бисёр мутафаккирон тарғиб намудаанд (Афлотун, Аресту, Эпикур— дар қадим, Г. Лей­бнис— дар давраи нав).

Ба ақидаи Лейбнис, олами нақд аз ҳама олами насия беҳтар аст. Оптимизми мутлақи Лейбнис ниҳоят бадӣ, бадбахтӣ, қашшноқии ҳаётро ҳақ мебаровард. Пессимизмро файласуфони иртиҷоӣ А. Шопенгауэр ва Э. Гартман, шоири италиявӣ Ҷакомо Леопарди асоснок менамуданд.

Пессимизм барои синфҳои миранда аз ҷумла буржуа­зияи юртиҷоии ҳозира хос аст. Ҳадди ифротии Оптимизм ва пессимизмро намояндагони мелиоризм (лотитнӣ melior — беҳтар) бартараф кардан хостанд. Ба ақидаи онҳо, бадӣ ногузир аст, аммо бо ёрии саъйи одамӣ оламро беҳтар сохтан мумкин аст. Онҳо такомули фардӣ ва маорифпарвариро омили асосии беҳ кардани олам медонистанд.

Ҷаҳонбинии марксистӣ бо таълимотҳои идеалистию метафизккии Оптимизм ва пессимизм умумияте надорад. Марксизм моҳиятан оптимистӣ буда, ба прогресси беандозаи ҷамъият ва имкониятҳои одам бовар дорад.

Чунон, ки Владимир И.лич Ленин гуфтааст: «…олам инсонро қонеъ намегардонад ва инсон қарор медиҳад, ки бо амали худ онро тағйир диҳад» (Асарҳо, ҷилди 38, саҳифаи 215). Дар илми марксистй мафҳуми прогресси ҷамъиятӣ болоравии таърихии ҳаёти ҷамъиятӣ, фаъолияти ҳаётии одамон ва инкишофи онро ифода мекунад. Назарияи марксистӣ бар хилофи таълимоти идеалистӣ фаъолияти револютсионии оммаро асоси прогресси ҷамъият медонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …