Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оптикаи нейтронӣ

Оптикаи нейтронӣ

Оптикаи нейтронӣ, як соҳаи физикаи нейтронист; ҳодисаҳоеро меомӯзад, ки шабеҳи ҳодисаҳои оптикӣ буда, ҳангоми таъсири мутақобили дастаи нейтронҳо бо модда ё худ бо майдонҳои магнитиву гравитатсионӣ ба амал меоянд. Ҳодисоти мазкур хоси нейтронҳои суст мебошанд.

Инкисор ва инъикоси дастаҳои нейтронӣ дар сарҳади ду муҳит, инъикоси пурраи дастаи нейтронӣ аз ҳудуди сарҳадӣ, дифраксияи зарраҳо дар муҳити ғайриякҷинса ва структураҳои даврӣ (нигаред Дифрак­сияи зappaҳo) аз ҷумлаи ҳамин гу­на ходисаҳоанд. Дар баъзе моддаҳо ҳангоми инъикос ва инкисор поляризатсияи нейтронҳо ба вуҷуд меояд, ки онро бо поляризатсияи даврии рӯшноӣ муқоиса кардан мумкин аст. Дар газу моеъҳо ва ҷисмҳои сахт пароканиши ғайричандирии нейтронҳо ба пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ монанд мебошад.

Дар як қатор ҳодисаҳои Оптикаи нейтронӣ хусусиятҳои мавҷии нейтронҳо зуҳур меёбанд. Дарозии мавҷи нейтронҳо X бо масса m = 1,67 • КМ4 г ва суръати онҳо v муайян карда мешаванд; X = h/mv (.1), дар ин ҷо Л — собитаи Планк. Дарозии мавҷи нейтронҳои гармоӣ (X = 1,8 • 10-8 метр) ба дарозии мавҷи нурҳои рентгенӣ, да­розии мавҷи нейтронҳои сусттарин ба дарозии мавҷи нурҳои ултрабунафш ва рӯшноӣ баробар аст. Монандии дастаи нейтронҳо ва мавҷҳои электромагнитӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки нейтронҳо низ ба монанди фотонҳо заряди электрӣ надоранд.

Бо вуҷуди ин табиати мавҷҳои нейтронӣ ва электромагнит гуногунанд. Фотонҳо бо пардаи электронии атомҳо, нейтронҳо бо- шанд, асосан ба ядроҳои атом дар таъсири мутақобил мебошанд. Оптикаи нейтронӣ аз солҳои чил (баъди сохта шудани реакторҳои ядроӣ) инҷониб тараққӣ мекунад. Э. Ферми таъсири ҳамдигарии нейтронҳоро дар муҳитҳои тарокумӣ шарҳ дода, ба илм мафҳуми нишондиҳандаи шикаст п-ро до­хил намуд.

Нейтронҳо аз чунин муҳитҳо гузашта, таҳти таъсири ядроҳои атомҳо парешон мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки мавҷи нейтронии афтон боиси пайдоиши мавҷҳои сонӣ мегарданд, ки ҷамъи когерентии онҳо мавҷҳои шикаста ва инъикосшударо муайян мекуканд. Дар натиҷаи таъсири мутақобили нейтронҳо бо ядроҳо суръат ва даро­зии мавҷи нейтронҳо A-i дар муҳит нисбат ба дарозии мавҷии нейтронҳо дар вакуум X тағйир меёбанд. Дар

шароитҳои муқаррарӣ п = аст.

Аз таносуби де Бройл бармеояд, ки х о,

п = —=—аст. Кори як қатор асбобҳо ба принсипҳои Оптикаи нейтронӣ асос ёф- тааст, ки ҳам дар техникаи таҷрибавӣ ва ҳам дар ҳалли масъалаҳои амалӣ истифода мешаванд. Оинаҳои нейтронӣ, монохроматорҳои нейтро­нӣ, поляризатору анализаторҳои нейтронҳо, интерферометрҳои нейт­ралӣ ва ғайрааз ҷумлаи ҳамин гуна асбобҳоанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …