Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оптикаи ғайрихаттӣ

Оптикаи ғайрихаттӣ

Оптикаи ғайрихаттӣ, як соҳаи оптикаи физикист, ки дар он паҳншавии дастаҳои пуриқтидори рӯшноӣ дар ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ, инчунин таъсири мутақобили онҳо бо модда тадқиқ мешавад. Бо бунёди лазерҳо оптика ба манбаъҳои афканишоти когерентии иқтидорадшон то 10®—dO11 Вт соҳиб шуд. Дар чунин майдони зӯри рӯшноӣ ҳодисаҳои тамоман нави оптикӣ ба амал омада, характери ҳодисаҳои маълум ба куллӣ тағйир меёбад.

Ба интенсивияти рушноӣ вобаста будани характери гузариши чунин ҳодисаҳо яке аз хусусиятҳои умумии онҳост. Майдони зӯри рушноӣ хусусиятҳои оптикии  муҳит (нишондиҳандаи ши­каст п, коэффициенти фурӯбурд)-ро тағйир медиҳад ва вобаста ба он характери ҳодиса ҳам тағйир меёбад.

Гуфтаҳои боло пайдоиши истилоҳи Оптикаи ғайрихаттиро шарҳ медиҳанд, яъне агар характеристикаҳои оптикии муҳит функсияҳои шиддатнокии майдони электрии мавҷи рғшноӣ Е бошанд, поляризатсияи муҳит ба Е ғайрихаттӣ вобаста мешавад. Оптикаи ғайрихаттӣ бо назарияи ғайрихаттии лаппишҳо (нигаред Системаи ғайрихаттӣ), акустикаи ғайрихаттй ва ғайра умумияти бисёре дорад. Табиист, ки оптикаи дастаҳои рӯшноии суст, ки майдони онҳо хосиятҳои муҳитро ба дараҷаи намоён тағйир дода наметавонанд, опти­каи хаттӣ номида мешавад.

Соли 1923 С. И. Вавилов ва В. И. Ленин мушоҳида карданд, ки бо афзоиши интенсивияти рӯшноӣ фурӯбурди рӯшноӣ дар шишаи уран кам мешавад. Онҳо инро чунин шарҳ доданд: дар майдони зӯри электромагнитӣ қисми зиёди атомҳо (ё худ молекулаҳо) дар ҳолати ангехта мебошанд ва рӯшноиро дигар фурӯбурда наметавонанд. Вавилов ин ҳодисаро яке аз ҳодисаҳои ғайрихаттии сершумори оптика ҳисобида, ба или истилоҳи «Оптикаи ғайрихаттӣ»-ро дохил намуд. Пас аз сохта шудани лазерҳо барои тадқиқи ҳодисаҳои ғайрихаттии оптика имкониятҳои калон фароҳам омаданд. Нигаред низ Оптика.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …