Маълумоти охирин
Главная / Илм / Опричнина

Опричнина

Опричнина, опришнина (аз русии қадим опричный —махсус), системаи чорабнниҳои фавқулоддаи ҳарбию маъмурӣ ва иҷтимоию иқтисодии подшоҳ Ивани IV (Гроз­ний) барои мустаҳкам намудани ҳокимияти мутлақияти марказонида шуда ва барҳам додани парокандагии феодалӣ. Ивани IV барҳам задани «ошӯбҳо»-ро мақсади асосии Опричнина медонист. Баробари ҷорӣ кардани Опричнина ҷазои бераҳмонаи оппозицияи боярҳою князҳо ва қатли оми бегуноҳон cap шуд.

Опричнина парокандагии феодалиро барҳам дода, дар мамлакат зулму истибдоди мутлақиятро пурзӯр ва мавқеи такягоҳи иҷтимоии он (амалдорон, дворянҳо, заминдорони миёнаҳол)-ро мустаҳкам кард. Опричнина  ба пойдор гардидани тартиботи крепостноӣ мусоидат намуд. Опричнина дар асрҳои 14—16 мафҳуми махсуси қисми мулки намояндагони сулолаи князҳои бузург, солҳои 1565—72 бошад “мулки шоҳон»-ро ифода мекард.

Ба Опричнина  дар қисми марказии мамлакат Можайск, Вязма, Суздал ва ғайра, дар Ҷануби Ғарб— Козёлск, Перемишл, Белёв, Медун ва ғайра, дар Шимол — Двина, Великий Устюг, Каргопол, Вологда ва ғайра дохил мешуданд. Дар Опричнина  думаи опричнинӣ приказҳои мо­лиявӣ — Четҳо амал мекарданд. Қӯшунҳои опричнина то 5—6 ҳазор аскар доштанд. Қисми боқимондаи мамлакат земшина ном гирифт. Бисёр феодалони маҳаллӣ аз территорияи Опричнина ронда шуда, заминҳои онҳо ва дехқонони крепостной ба дворянҳо— опричникхо дода шуданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …