Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оппозитсияи коргарӣ

Оппозитсияи коргарӣ

«Оппозитсияи коргарӣ», гурӯҳи фраксионии зиддипартиявӣ дар РКП (б) (1920—22), майлони анархистию синдикалистист. Дар давраи ба охир расидани Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва дар вазъияти харобии хоҷагӣ ба сохтмони осоишта гузаш­тани партия ба вуҷуд омад. Ба «Оппозитсияи коргарӣ» А. Г. Шляпников, С. П. Медведев, А. М. Коллонтай сардорӣ мекарданд.

Съезди 10 РКП (б) (1921) қайд кард, ки «Сабаби пайдо шудани ин майлон қисман ин аст, ки ба сафҳои партия унсуроне дохил шуданд, ки ҷаҳонбинии коммунистиро ҳанӯз комилан аз худ накардаанд, локин сабаби асосии пайдоиши ин майлон таъсири стихияи майда буржуазист ба Пролетариат ва ба РКП…» («КПСС дар резолютсияи», ҷилди 2, саҳифаи 591). Ташаккули платформаи «Оппозитсияи коргарӣ» ҳанӯз соли 1919 оғоз ёфта буд.

Шляпников ба Съезди 9 РКП1 (б) (март — апрели 1920) бо номи «Оид ба масъалаи муносибатҳои байни РКП, Советҳо ва иттиҳодияҳои истеҳсолӣ» тезисҳо пешниҳод намуд. Дар ин тезисҳо таклиф карда мешуд, ки партия ва Давлати Советӣ бояд босиёсат, иттифоқҳои касаба бошанд, бо иқтисодиёт машғул гарданд. Съезд ин тезисҳоро ҳамчун тезисҳои анархистиву синдикалистӣ рад  намуд. «Оппозитсияи коргарӣ» бо ин ном бори аввал дар Конференсия» 9-уми умумироссиягии РКП(б) сентябр 1920 баромад карда, боз ба зарба дучор шуд.

«Оппозитсияи коргарӣ» ҳамчун гурӯҳи фраксиолии  зиддипартиявӣ дар давраи мубоҳисаҳои иттнфоқҳои касаба соли 1921 комилан ташаккул ёфт. Платформаи ғоявию сиёсии «Оппозитсияи коргарӣ» дар китобчаи  Коллонтай «Оппозитсияи коргарӣ», ки дар арафаи Съезди 10 РКЩб)

чоп шуд, пурра ифода ёфта буд.

Дар он таклиф карда мешуд, ки ; идораи тамоми хоҷагии халқ ба ихтиёри «съезди умумироссиягии истеҳсолкунандагон», ки дар иттифоқҳои касаба муттаҳид гардида буданд, дода шавад ва он бояд органҳои марказии идоракуниро интихоб намояд; талаб карда мешуд, ки ҳамаи органҳои идоракунии хоҷагии халқро танҳо иттифоқҳои касабаи дахлдор интихоб намоянд, номзадҳои пешниҳодкардаи иттифоқро бошад, органҳои партиявӣ ва советӣ рад карда наметавонистанд.

« Оппозитсияи коргарӣ» иттифоқҳои касабаро ба Дав­лати Советӣ ва Партияи Коммунистӣ муқобил гузошта, ба ҷои партияи иттифоқҳои касабаро шакли олии  ташкилоти синфи коргар мешуморид. Платформаи « Оппозитсияи коргарӣ» аз рӯи масъалаҳои дохилипартиявӣ чунин  буд: айбдоркунии тӯҳматомези роҳбарияти партияи дар «дуршавй аз  оммаи партиявӣ», «ба қувваҳои эҷодии пролетариат баҳои даркорӣ до­да натавонистан», «маслакгумкунии роҳбарони партиявӣ» ва ғайра. Дар Съез­ди 10 РКП (б) (1921) ҳам аъзоёни « Оппозитсияи коргарӣ» ақидаҳои оппортунистии

худро ҳимоя карданд. Съезд мавқеи «Оппозитсияи коргарӣ»-ро, ки комилан мухолифи марксизм буд, қатъиян маҳкум намуд. Дар резолютсияи «Дар бораи майлони синдикалистӣ ва анархистӣ дар партияи мо», ки онро Владимир Илич Ле­нин таклиф карда буд, гуфта мешуд: «Съезд фавран пароканда кар­кани беистисво ҳамаи гурӯҳҳои дар заминаи ин ё он платформа ба вуҷудомадаро талаб мекунад ва ба ҳамаи ташкилотҳо месупорад, ки онҳо ҷиддан бохабар шуда истода, ба ҳеҷ гуна баромадҳои фраксионӣ роҳ надиҳанд» («КПСС дар резолютсияҳо», ҷилди 2, саҳифаи 220).

Съезд нишон дод, ки ин ақидаҳо ба марксизм ҳеҷ му- носибате надоранд ва басо хатарноканд. Съезд ба ин ақидаҳо ҳамчун ақидаҳои зиддипартияӣй, синдика­листӣ ва анархистӣ, ҳамчун ифодаи калавишҳои майдабуржуазӣ баҳо дод. Дар амал ғояҳои « Оппозитсияи коргарӣ», гуфта мешуд дар резолютсия, мавқеи партияро ҳамчун роҳбари омма суст мегардонанд ва ба душманони синфӣ мадад мерасонанд.

Съезд минбаъд дар РКП(б) мондани тарғиботчиёни ин ғояҳоро имконнопазир донист ва қарор кард, ки ҳамаи гурӯхдо ва фраксияҳо фавран паро­канда карда шаванд. Баъди съезд аксарияти иштирокчиёни « Оппозитсияи коргарӣ» алоқаашонро аз ин гурӯҳ канданд. Вале роҳбарони оппозитсия ташкило­ти зиддипартиявиро нигоҳ доштанд ва фаъолияти ихтилофандозиашонро давом доданд. Феврали 1922 онҳо ба Комиҷроияи Интернатсионали Ком­мунистӣ (КИИК) «аризаи 22 нафар»-ро фиристоданд, ки он пур аз тӯҳмат ба партия буд. КИИК «ариза»-ро дида баромада, амалиёти гурӯҳро маҳкум намуд. Съезди 11-умп ВКП(б) (4922) резолютсия қабул карда, рафтори зиддипартиявии « Оппозитсияи коргарӣ»-ро маҳкум сохт ва баъзе аъзоё­ни онро аз партия хориҷ намуд. Пас аз съезд «Оппозитсияи коргарӣ» барҳам хӯрд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …