Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оппозитсия ҳарбӣ

Оппозитсия ҳарбӣ

«Оппозитсия ҳарбӣ», гурӯҳи вакилони Съезди 8-уми РКП(б) (1919), ки дар сохтмони ҳарбӣ ба сиёсати КМ партия муқобил буд. КМ РКЛ(б) тезисҳои маърӯзаро оид ба масъалаи ҳарбӣ тасдиқ кард. Дар маърӯза принсипу методҳои сохтмони Армияи Сурх асоснок кар­да шуда буд.

«Оппозитсия ҳарбӣ» таклиф мекард, ки доираи ҳуқуқҳои ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ дар армия васеътар карда, роҳбарии тамоми фаъолияти ҷангӣ ба ихтиёри онҳо дода шавад, органҳои сиёсӣ барҳам дода, комитетҳои партиявии армия таш­кил карда шаванд. КМ чунин мешуморид, ки ячейкаҳои коммунистӣ набояд ба масъалаҳои идоракунии армия мудохила кунанд; онҳо мебоист ба комиссарон ёрӣ мерасонданд ва вазифадор буданд сиёсати партияро собитқадамона ба ҳаёт татбиқ намоянд.

Вакилон таклифҳои « Оппозитсияи нав»-ро рад карда, дар айни замон ба муқобили роҳи пешгирифтаи Тротский, ки роҳбарии партиявии армияро эътироф намекард ва ба мутахассисони куҳнаи ҳарбӣ кӯр-кӯрона бовар мекард (ҳол он ки дар байни онҳо хоинони ошкоро ҳам буданд) эътироз баён намуданд. Вакилон ба он муқобил баромаданд, ки одамон ба армия бе тафриқа (қатъи назар аз он, ки ба кадом синф тааллуқ доранд), сафарбар карда мешаванд ва ин аксар вақт боиси аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор шудани баъзе қисмҳо мегардад.

Владимир Илич Ленин ба « Оппозитсияи нав» қатъиян муқобил баромад. Ӯ қайд намуд, ки КМ партия тамоми масъалаҳои муҳимтарини ҳарбиро ҳал мекунад, аз рӯи ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба ҳаёт гузаронидани онҳоро назорат мекунад. Ленин мегуфт, ки бе интизоми сахти ҳарбӣ (хусусан дар Россия барин мамлакати деҳқонӣ) Армияи Сурхи тавоно вуҷуд дошта наметавонад.

Владимир Илич Ленин истифода бурдани комёбиҳои санъати ҳарбии буржуазӣ, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ҳарбиро боисрор талаб намуда, дар айни ҳол таъкид мекард, ки назорати сиёсӣ ба амалиёти онҳо пурзӯр карда шавад. Съезд таклифҳои барғалати « Оппозитсияи нав»-ро маҳкум намуда, сиёсати лениниро дар масъалаи ҳарбӣ пурра маъқул донист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …