Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оппортунизм

Оппортунизм

Оппортунизм (аз лотинӣ opportunua — муносиб, мувофиқ; мутобиқшавӣ, созишкорӣ), ҷараёнест, ки дар просесси болоравии ҳаракати револютсионии синфи коргар (нимаи дуюми асри 19) ба вуҷуд омада, ба манфиати ҳаракати коргарӣ мухолиф аст. Оппортунизм барои ҳимояи манфиатҳои синфии буржуазия синфи коргарро ба созишкорӣ ва таслимшавӣ даъват менамояд.

Таълимоти сотсиализми томарксистӣ ва равияҳои ислоҳотчигии либералию анархистӣ асоси ғоя ва тактикаи Оппортунизмро ташкил медиҳад. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар давраи фаъолияти Интернатсионали 1 ва 2 ба муқобили Оппозитсия ҳамчун равияи иртиҷоӣ мубориза бурдаанд. Онҳо таълимоти оппортунистии Ф. Лассаль, Э. Бернштейн, К. Шрамм ва ақидаҳои анархистии М. А. Бакунин, О. Бланкиро, ки ҳаракати коргариро ба роҳи нодуруст ҳидоят ме­на муданд, танқид кардаанд.

Ревизионизм, догматизм, сектантгарӣ ва ғайра шаклҳои мухталифи зуҳуроти Оппортунизм мебошанд. Оппортунизм ду шакл дорад: рост ва «чап» Оппортунизми рост дар ҳаракати коргарӣ ақидаҳои ислоҳотчигиро тарғиб мекунад. Оппортунизми рост табиатан идеология ва сиёсати майдабуржуазӣ  буда, комилан моҳияти иртиҷоӣ дорад. Оппортунизми рост роли револютсионии синфи коргар, зарурати диктатураи пролетариатро рад кар­да, дар кори гузариш аз капитализм ба сотсиализм аҳамияти ислоҳотҳои мухталифи иқтисодию сиёсиро ба дараҷаи мутлақ мебардорад.

Баробари пайдоиш ва равнақи ҳаракати байналхалқии коргарӣ ва коммунис­тӣ Оппортунизми рост борҳо кӯшиш кардааст, ки мавқеи худро дар дохили он мустаҳкам намояд ва ба муқобили марксизм-ленинизм мубориза барад. Оппортунизми рост дар охири солҳои 50 асри 20 ба ревизионизм табдил ёфт. Намояндагони Оппортунизми рост идеологияи буржуазӣ ва сотсиал-ислоҳотчигиро ҳамчун дастур истифода мебаранд.

Партияҳои коммунистӣ ва корга­рӣ, қувваҳои прогрессивии ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам намудани иттифоқи интернатсионалии байниҳамдигарӣ, инкишофи эҷодкоронаи нуктаҳои коммунизми илмиро омили боэътимоди мубориза ба муқобили Оппортунизм медонанд. Барои ҳалли масъалаи мазкур маҷлисҳои машваратии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ, ҳамкории партияҳои коммунистӣ дар асоси принсипҳои интернатсионализми пролетарӣ, мубодилаи афкори тарафайн доир ба масъалаҳои стратегия ва тактика роли ҳалкунанда мебозанд.

Оппортунизми «чап» аз омехтаи ноустувори назарияҳои ултрареволютсионӣ ва дастурҳои иғвогарона иборат буда, ҳаракати револютсионии коргариро ба қурбониҳои бемақсад ҳидоят ме­кунад. Таълимоти волюнтаристӣ моҳияти асосии Оппортунизми «чап»-ро ташкил медиҳад. Шароити конкретӣ ва таърихиро дар рафти муборизаи синфӣ ба назар нагирифтан, ба ақидаи «зӯрии револютсионӣ», «ҳуҷуми кавалерӣ» умед бастан хусусияти хоси таълимоти Оппортузми «чап» мебошад.

Оппортунизми «чап» психологияи гурӯҳҳои майдаи буржуазӣ, деҳқонон ва намояндагони табақаҳои миёнаеро ифода мекунад, ки онҳо дар натиҷаи истисмори дои­мии буржуазӣ рӯҳияи револютсио­нии анархистӣ пайдо намудаанд. Дар замони ҳозира байни Оппортунизми «чап» ва марксизм-ленинизм оид ба масъалаҳои муҳимтарини инкbшофи ҷамъият — моҳияти замони ҳозира, роли синфи коргар ҳамчун қувваи асосии револютсионӣ, паст намуда­ни шиддати вазъияти байналхалқӣ, ҷанг ва сулҳ, роҳҳо ва шаклҳои сохтмони сотсиализм, инкишофи де­мократия ва ғайра муборизаи тезу тунд давом дорад. Мубориза ба муқобили ҳама гуна шаклхои Оппортунизм масъалаи мухимми ҳаракати коммунистии ҷаҳонӣ мебошад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …