Маълумоти охирин

Опока

Опока, дар геология, ҷинси кӯҳии таҳшиниеро гӯянд, ки мустаҳками масомадор аст. Асосан аз дуоксиди силисийи аморфӣ (то 97%) ва омехтаҳои гил, peг, глауконит ва ғайра таркиб ёфтааст. Рангаш хокистарии равшан ва тира, баъзан сиёҳтоб.

Хелҳои тозаи Опока хусусияти баланди адсорбсионӣ доранд. Опока дар баҳрҳо бо роҳи химиявӣ ҳосил мешавад. Онро бештар дар тахнишастҳои давраи палеоген ва қисман давраи табошири боло пайдо кардан мумкин аст. Дар сохтмон, инчунин ба сифати адсорбент ба кор меравад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …