Маълумоти охирин
Главная / Илм / Описторхоз

Описторхоз

Описторхоз, як навъ беморист аз гурӯҳи гелминтаҳо, ки аз он ҷигар ва ғадуди зери меъда иллат меёбанд. Дар Сибири Ғарбӣ ва мавзеъҳои назди Днепр дучор меша­вад. Барангезандааш кирми макандаи сибирӣ (Opisthorchis felineus) буда, дар ҷигар, заҳрадон ва ғадуди зери меъдаи одам, гурба, саг паразитӣ мекунад.

Манбаи асосии инва­зия одам ва ҳайвони бемор аст. Тухми паразит ба воситаи насафканд ба об ва баъд ба организма туқумшулук гузашта инкишоф меёбад. Минбаъд кирминаи он ба воситаи об ба организми моҳӣ мегузарад. Одам бо Описторхоз ҳангоми хурдани моҳии хом, нимхом ё камнамак сироят меёбад. Дар давраҳои аввали беморӣ одамро ларза гирифта, мушаку бандҳо дард мекунанд. Минбаъд тарафи рости зери қабурға дард карда, акcap вақт ҷигару заҳрадон калон мешавад.

Муолиҷа: истифодаи хлоксил.

Пешгирӣ: моҳиро пеш аз истеъмол нағз бирён ва намак кардан, обанборҳоро тоза нигоҳ доштан лозим аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …