Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оперетта

Оперетта

Оперетта, (италявӣ operetta — опе­раи хурд), асари мусиқии саҳнавист. Мусиқии вокалию созӣ, инчунин рақсу балет ва унсурҳои санъати театриро дар бар гирифта, аз имкониятҳои диалог нисбат ба опера васеътар истифода мебарад. Асоси драма­тургию мусиқии Оперетта, тарона ва рақс аст. Дар Оперетта, мисли опера, аз мусиқии вокалӣ ва созӣ — ария, дуэт, ан­самбл ва хор истифода мебаранд.

Мусиқии вокалию рақс барои инкишофи воқеа ва тасдиқи пояи Оперетта хизмат мекунад. Оперетта дар заминаи мазҳакаи мусиқӣ, операи ҳаҷвӣ, воде­вили франсавӣ ва зингшпили немисӣ ба вуҷуд омадааст. Оперетта ҳамчун жанри мустақил солҳои 50 асри 19 дар Франсия пайдо шуд. Солҳои 60 дар Австрия, солҳои 70 дар Англия ва солҳои 80 дар Америка Оперетта ба вуҷуд омад. Дар Франсия оҳангсозон Ф. Эрве, Ж. Оффенбах ва Ш. Ленок, дар Англия А. Салливен, дар Австрия И. Штраус, Ф. Зулпе ва ғайра ба инкишофи Оперетта саҳми калон гузоштанд.

То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр театри опе­реттаи рус репертуари миллӣ надошт. Оҳангсозон И. О. Дунаевский ва Н. М. Стрелников солҳҳои 20 ба Опереттаи советӣ асос гузоштанд. Баъдтар дар ин жанр бастакорон Б. А. Александров, Ю. С. Милютин, В. П. Соловёв-Седой, К. Я. Листов, Т. Н. Хренников ва ғайра асарҳо эҷод карданд.

Дар республикаҳои бародарӣ бастакорон А. С. Айвазян (Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон), А. П. Рябов (Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), Р. С. Ҳоҷиев (Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон), Г. Г. Сабадае (Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон), А. Я. Жилинский (Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия), Л. Т. Нормет (Республикаи Советии Сотсиалистии  Эстония), Д. X. Файзй (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) ва дигар Опереттаҳои миллӣ эҷод карданд.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Опереттаҳои бастакорони рус ва дигар республикаҳои бародар, аз ҷумла «Силва» ва «Шоҳзодаи сирк»-и И. Калман, «Туй дар Мали- новка»-и Б. Александров, «Беваи хушҳол»-и Ф. Легар, «Шамоли озод»-и И. Дунаевский ва ғайра гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …