Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оператор

Оператор

Оператор, мафҳуми математикиест, ки ба маънои васеъ мувофиқати элементҳои ду маҷмӯъ X ва У-ро ифода мекунад, яние бар ҳар як элементи х и маҷмӯи X и он элемен­ти у-и маҷмӯи У-ро мувофиқ мегузорад. Ба (мафҳумхри амал, инъикос, табдилот, функсия, ҳаммаъност. Элементи у-ро образи элементи х, х-ро прообраз (тимсол)-и у меноманд.

Ҳангоми маҷмӯъҳои ададӣ будани X ва У одатан истилоҳи функсияро истифода мебаранд. Оператореро, ки фазои беохирченаро ба фазои ададҳои ҳақиқӣ ё фазои ададдои комп­лексӣ инъикос мекунад, функсионал меноманд. Операторҳои хаттии фазоҳои хаттии нормиронидашуда як синфи муҳими Операторҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар бисёр масъалаҳои физи­кӣ, таҳлили математикӣ Операторҳои диф­ференциалӣ ва интегралӣ мавқеи муҳим доранд. Хосиятҳои гуногуни Операторҳо, амалҳо бар онҳо ва дар ҳалли масъалаҳои гуногуни математики истифода бурдани онҳоро назарияи операторҳо меомӯзад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …