Маълумоти охирин

Опал

Опал (аз санскр. упал — санги қиматбаҳо), як навъ минерал, псев­догидрогели сахти табиӣ. Таркиби хпмиявиаш S1O2 • пН/); 2—14% об дорад. Сахтиаш 5—6,5; зичиаш •1800—2250 килограмм/метр9. Асосан беранг бу­да, вобаста ба омехтаҳои таркибаш сафед, зард, бӯр, сабз ва ғайра меша­вад. Дар табиат якчанд хели Опал маълум аст: гиалит, Опали асил, гид­рофан ва ғайра.

Опал дар натиҷаи аз обҳои гарми вулқоногенӣ такшоншавии дуоксиди силисий (ЗЮз) ё дар зонаи фарсоиш аз таъсири обу оксиди карбон (IV) вайроншавии силикатҳо ба вуҷуд меояд. Он дар тақниотастҳои давраҳои палеогену нео­ген бисёр вомехӯрад. Ба сифати санги ороишӣ истифода мешавад. Опали асил санги қиматбахост. Конҳои Опал дар Украина, Қазоқистон ва дигар ҷойхо мавчуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …