Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оомисетҳо

Оомисетҳо

Оомисетҳо (Oomycetidae), синфи занбӯруғҳои дараҷаи паст, ки ми­селия (танаи вегетативӣ)-и бисёр- ядродори мукаммал инкишофёфта доранд. Оогонияи курашакли онҳо якто (дар Оомисетҳои нисбатан ташаккулёфта) ё якчандто (дар ООомисетҳои содда) ҳуҷайратухм дорад. Дар паҳлуи оогония антеридийҳои устувонашакл ҳосил мешаванд, ки ба воситаи онҳо ҳуҷайратухми бордоршуда ба ооспораи беҳаракат табдил меёбад.

Ооспора баҳорон сабзида узви афзоиши ғайриҷинсӣ (аксаран зооспорангия) ҳосил менамояд. Оомисетҳо ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд: Оомисетҳои бластокладиевӣ, моноблефаридӣ ва питиевӣ, ки дар боқимондаи растаниҳо нумӯ мекунанд ва  Оомисетҳои сапролегниевӣ, ки дар ҷасади мурдаи ҳашарот ва дигар ҳайвонҳои майда инкишоф меёбанд. Аксарияти Оомисетҳо паразитанд. Оомисетҳо дар ҷараёни эволюсияи худ аз об ба хушкӣ гузаштаанд.

Дар Тоҷикистон Оомисетҳои сапролегниевӣ (Saprolegniales) ва пероноспоравӣ (Peronosporales) вомехӯрад. Оомисетҳои сапролегниевӣ (намуд- ҳои ҷинси Achlya ва Saprolegnia) дар тухм (икра) ва танаи гулмоҳии дарёи Кофарниҳон ёфт шудаанд. Тухм ва моҳии сироятёфта нобуд мешаванд. Аз Оомисетҳои пероноспоравӣ дарТоҷикистон бештар аз 40 намуд омӯхта шудааст. Онҳо дар растаниҳои худрӯй ва ё боғии водиҳою пастхамиҳои республика нумӯ карда, касалиҳои растаниро ба вуҷуд меоранд. Масалан, Phythium. debarianum боиси пӯсидани решаи бисёр растаниҳои боғӣ, Phytophtora infestans боиси касалии картошка, Pseudoperonaspora cubensis боиси пӯсиши бодиринг, каду ва харбуза мегарданд.

Адабиёт: Жизнь растений, том 2., Грибы, Москва, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …