Маълумоти охирин
Главная / Илм / Онхосеркоз

Онхосеркоз

Онхосеркоз, як шакли бардавоми касалии кичҷагиест (гелминтоз), ки ба он асосан ҳайвоноти сумдор гирифтор мешаванд; кирмҳои паразитие аз ҷинси Onchocerca (лиг. Филярияҳо) ба вуҷуд меоранд. Хеле маъмул аст. Онхосеркоз ба чорводорӣ (махсусан ба гову асп) зарар мерасонад. Сирояти ҳайвонот дар чаро- гоҳ ба воситаи ҳашароти хунмаке (хомӯшак, хармагас) ба амал меояд, ки худ аз ҳайвони касал сироят мешавад.

Паразитҳои болиғ дар пай, банд ва бофтаҳои пайванд ҷамъ шу­да, манбаъҳои газакро ба вучуд меоранд, ки бисёр вақт микрофлораи фасодовар мешавад. Онхосеркоз одатан бе зуҳуроти аломатҳои клиникӣ мегузарад. Роҳҳои махсуси табобат ёфта нашудаанд. Пешгирӣ: маҳви харма­гас ва хомӯшакҳо (май—август) ва чорворо аз газиши онҳо эҳтиёт кардан.

Адабиёт: Скрябин К. И., Петров А. М., Основы ветеринарной наметадологии, Москва, 1964.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …