Маълумоти охирин
Главная / Илм / Онтология

Онтология

Онтология (юнонӣ ontos — вуҷуд ва логия), як фасли фалсафаро гӯянд, ки аслу асоси куллӣ, принсипҳо таркиб ва қонунияти умумии ҳастиро таҳқиқ мекунад. Моҳиятан Онтология як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати воқеият мувофиқ омада, дар системаи категорияҳои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафӣ (материализм ё идеализм ва ғайра) хос аст, дарҷ мегардад.

Ба ин маънӣ ха­ма гуна системаи фалсафӣ ва умуман системаи донишҳои назарӣ ба тасаввуроти муайяни Онтология такя меку­над, ки худ ба қадри инкишофи маърифат тағйир меёбад. Соли 1613 аввалин бор истилоҳи «Онтология»-ро Р. Гоклениус (Германия) дар истилоҳоти фалсафӣ ҳамчун муродифи мета­физика истифода бурдааст. Дар мактаби X. Волф Онтология ҳамчун номи қисми аввал ва асосии метафизика истифода мешуд, ки бо таҳсису таъбири умуман ҳастӣ сару кор дошт.

Онтология то ибтидои асри 19 ба таври муроқибавӣ инкишоф ёфта ба тасаввуроти мавҳуме доир ба моҳияти ашё такя мекард. Марксизм бар хилофи таълимоти дигари фалсафӣ зарурати ягонагӣ ва алоқамандии ботинии Онтология, гносеология ва мантиқ, вобастагии тасаввуроти онтологӣ ва маърифатро асоснок кардааст. Дар асри 20 баробари баланд шудани дараҷаи абстрактияти маърифати илмӣ баъзе масъалаҳои принсипиалии онто­логӣ ба миён омад. Масалан, шарҳу таъвили онтологии мафҳумҳои муҷарради илми ҳозира (физикаи зарраҳои элементарӣ, космология), ба вуҷуд овардани таҳкурсии назариявӣ барои тадқиқоти методологӣ ва ғайра.

Дар адабиёти марксистии муосир масъала дар боби Онтология мавриди баҳс қарор гирифтааст: агар баъзеҳо мустақилона вуҷуд доштани Онтологияро инкор кунанд, дигарон бошанд, баръакс, мегӯянд, ки Онтология бояд дар зимни материализми диалектикӣ ҳамчун cоҳаи махсус мавқеи худро нигоҳ дорад.

Як қатор равияҳои фалсафии ҳозираи буржуазӣ, аз қабили феноме­нология, экзистенсиализм ва персо­нализм паи онанд, ки масъалаҳои пешинаи Онтологияро аз нав таҷдид намуда, онҳоро аз ҷиҳати субъективию шахсӣ тахқиқ кунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …