Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ономастика

Ономастика

Ономастика (аз юнонӣ onomastikds — санъати номгузорӣ, onoma — ном), 1) як шӯъбаи илми забоншиносиро гӯянд, ки таърихи пайдоиш ва таҳаввули исмои хосро меомӯ­зад; 2) маҷмӯи ҳама гуна исмҳои хос (лексикаи ономастикӣ), оним и я, ки вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимҳо (номи ашхос), этнонимҳо (номи қавмҳо, миллатҳо, халқҳо), топонимҳо (номи маконҳо), гидронимҳо (номи дарёҳо), космонимҳо (номи ҷирмҳои ос­монӣ), теонимҳо (номи эзидону фариштаҳо), демонимҳо (номи офариниши бад), зоонимҳо (номи ҳайвонот), фитонимҳо (номи растаниҳо), фалеронимҳо (номи мукофотҳо, нишонҳо, медалҳо), хрематонимҳо (номи ашё, асарҳои илмиву бадеӣ, ҷашну маросимҳо, муассисаҳо, навъҳои маҳсулот) ва ғайра тақсим мешаванд.

Ономастика маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъият, боигарии маънавӣ, ганҷинаи боэътимоди таъриху маданият ва як ҳиссаи муҳими фонди луғавии забон буда, барои тадқиқи масъалаҳои этимология, фонетика, калимасозӣ, шевашиносии таърихию муосир ёрӣ мерасонад.

Ономастика бо мантиқ, психология, этнография, таърих, археология, география, геология, нумизматика, сотсиология, адабиёташносию услубшиносӣ алоқа дорад. Ҳодиса ва воқеаҳои гуногуни ҷамъият, дигаргуниҳои иҷтимоиву маданӣ дар системаи Ономастика инъикос меёбанд. Системам Ономастика дар омӯзиши масъалаҳои таърихӣ урфу одат, расму оин, тафаккуру ҷаҳонбинӣ, маданият ва ғайра аҳамият дорад.

Баъзе соҳаҳои Ономастикаи тоҷик, аз ҷумла, масъалаҳои топонимия аз тарафи Р. X. Додихудоев, С. И. Климчитский, Л. И. Розова, А. В. Розеяфелд, О. И. Смирнова, А. Л. Хромов, антропонимия аз тарафи Я. И. Калонтаров, Р. О. Ортиқов, О. F. Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Адабиёт: Додихудоев Р. X., Памир­ская микротопонимия, Душанбе, 1975; Розо­ва Л. И., Словарь географических тер­минов и других слов, формирующих то­понимию Таджикской ССР, Москва, 1975; Хромов А. Л., Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана. Выпуск 1 Душанбе, 1975; Faфуров О.. Шарҳи исму лақабҳо, Душанбе, 1961.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …