Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Онанд Мулк Роҷ

Онанд Мулк Роҷ

Онанд Мулк Роҷ (таваллуд 12. 12. 1905, Пешовар), нависанда ва ҳоди­ми ҷамъиятии ҳинду. Ба забони англисӣ менависад. Университети Лондонро хатм кардааст (1929). Доктори фалсафа, профессори Университети Панҷоб (1962). Соли 1996 ҳамроҳи Саҷҷод Зоҳир Ассосиасияи нависандагони прогрессивии Ҳиндустонро таъсис дода аст. Солҳои ҷанги граждании Испания дар таълифоти публисистиаш республикачиёнро тарафдорӣ кардааст (1937).

Дар аввалин асарҳояш «Нафратзада» (1935), «Деҳа» (1939) ва ғайра зиндагии пур аз тахқири кулиҳову «нафратзадагон» ва коркунони чойзорхоро тасвир кардааст. Дар рома­ну ҳикояҳои «Ҳаёти хусусии роҷаи ҳинду» (1953), <Роҳ» (1961), «Марги қаҳрамон» (1963) ва ғайра ба тарафдории баробархуқуқии ҳамаи кастаҳо баромад кардааст. Дар асари дугонаи тарҷумаиҳолиаш — «Ҳафт сол» (1951) ва «Шафақи субҳ» (1964) ташаккули характери муборизаи роҳи озодии ватан нишон дода шудааст. Дар эҷодиёти Онанд анъанаҳои миллӣ бо нишонаҳои романи европоӣ, аз ҷумла русӣ (Максим Горкий) ба ҳам омадааст.

Дар бехтарин романҳои ӯ «Кулӣ» (1936), «Шамшер ва Дос»(1942), “Шафақи субҳ” ба реализми сотсиалистӣ майл доштани нависанда зоҳир шудааст. Як романи Онанд бо номи «Қиссаи як зани динду» (Душанбе 1966) ва чанде ҳикояҳояш ба забо­ни тоҷикӣ тарҷума шуда, ба табъ расидаанд. Онанд лауреати Мукофоти байналхалқии Сулҳ (1953).

Адабиёт: Тупиком Ю. Е., Мулк Радж Ананд, Моска, 1955.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …