Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи тиббӣ

Омӯзишгоҳи тиббӣ

Омӯзишгоҳи тиббӣ, муасси­саи маълумоти миёнаи махсусест, ки мутахассисони соҳаи тиб — фелдшер, акушер, фелдшери санитарӣ, фелдшер-лаборант, хамшираи тиббӣ, ҳамшираи тиббии бачагона, духтури дандон, техники дандон, фармасевт, техник оид ба таъмиру монтаж кардани аппарати рентгенӣ ва дигар асбобҳои тиббӣ тайёр мекунад. Базаи асосии Омӯзишгоҳи тиббӣ мактабхои 8-сола ва миёнаи маълумоти умумист. Соли 1979 дар СССР 630 Омӯзишгоҳи тиббӣ амал мекард, ки онҳо дар соли хониши 1978—79 140 ҳазор мутахассис тайёр намуданд.

То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Тоҷикистон Омӯзишгоҳи тиббӣ мавҷуд набуд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар республика ҳамагӣ 38 ва соли 1922 бошад, 200 нафар коркуни маълумоти миёнаи тиббӣ кор мекарданд. Тех­никуми тиббии аввалин дар респуб­лика дар Хуҷанд (1932) ва баъд дар Душанбе (1935) таъсис ёфт, сонитар Омӯзишгоҳи тиббӣ  номида шуд. Омӯзишгоҳи тиббӣ минбаъд дар шаҳрҳои Кӯлоб (1953), Хоруғ (1955), Орҷоникидзеобод (1966) ва Қӯрғонтеппа (1969) кушода шуд.  Омӯзишгоҳи тиббии республика соли хониши 1978-79 аз рӯи ихтисосҳои гуногун 1905 мутахассиси

Маълумоти миёнаи тиббӣ тайёр намуд. Агар соли1940 дар республика 2,7 ҳазор нафар коркуни миёнаи тиббӣ бошад, соли 1979 ба 23,8 хазор нафар (62,7 нафар ба ҳар 10 ҳазор кас) расид.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …