Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи педагогӣ

Омӯзишгоҳи педагогӣ

Омӯзишгоҳи педагогӣ, муассисаи таълимии миёнаи махсусест, ки муаллимони снифҳои ибтидоии мактаби маълумоти умумӣ, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва накшакашӣ, таълими меҳнати синфҳои 4—8-ум, роҳбарони мусиқии муассисаҳои то­мактабӣ, сарпионервожатийҳо тайёр мекунад.

Ба Омӯзишгоҳи педагогӣ шахсони дорои маълумоти синфи 8 ва миёна қабул карда мешаванд. Аввалин муассисаҳои маълумоти миёнаи педагогӣ солҳои 20 (техникуми педагогӣ меномиданд) таъсис ёфта, соли 1937 Омӯзишгоҳи педагогӣ ном гирифт. Мӯҳлати таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогӣ барои хатмкунандагони синфи 8-ум 3—4 сол, барои хатмкунандаго­ни мактаби миёна 2—3 сол аст.

Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи педагогӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (аз соли 1928), Конибодом (1930), Панҷакент (1930), Кӯлоб (1935), Қӯрғонтеппа (1963), Душанбе (1959), районҳои Ғарм (1932) ва Ҳисор (1964) вуҷуд дорад ва дар онҳо тақрибан 6000 нафар (1982) ҷавонон ва духтарон таҳсил мекунанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …