Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатӣ

Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатӣ

Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатӣ Москва (собиқ Стро­ганов), яке аз кӯҳнатарин марказҳои санъати нафисаест дар истеҳсолот. Соли 1825 бостоншинос ва ҳаводоси санъат граф С. Г. Строганов дар Москва «Мактаби нақшакашӣ барои ҳунармандон»-ро таъсис кард. Соли 1843 ба муассисаи таълимии давлатӣ табдил ёфт, соли 1860 Омӯзишгоҳи рассомии техникии Строганов ном гирифт.

Омӯзишгоҳ дар истеҳсолоти саноатӣ истифодаи воситаҳои бадеиро ҷорӣ кард, конкурсҳои эҷодӣ гузаронид, намоишгоҳҳо ташкил кард ва бо ҳамин барои тараққиёти санъати амалии ватанӣ ёрӣ расонд. Пас аз ғалабаи Револютсияи Кабири Соцтсиалистии Ок­тябр соли 1917 омӯзишгоҳ аз нав таш­кил шуда, ба қатори Устохонаҳои озоди рассомии давлатӣ — Вхутемас, Вхутеин даромад. Соли 1945 ҳамчун муассисаи таълимии олии бадей-саноатӣ таҷдид ёфт.

Омӯзишгоҳ факултетҳои ин­терер ва таҷҳизоти бино, санъати монументалӣ-ороишӣ ва амалӣ, инчунин шӯъбаи шабона, аспирантура, 19 кафедра, устохонаҳои таълимии коркарди бадеии материалҳои гуногунро дорост. Омӯзишгоҳ барои муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ҳуқуқ дорад. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии Омӯзишгоҳ  нашр карда мешаванд (аз соли 1958). Омӯзишгоҳи дар давраи мавҷудияташ зиёда аз 2 ҳазор мутахассис тайёр кардааст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …