Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи мусиқӣ

Омӯзишгоҳи мусиқӣ

Омӯзишгоҳи мусиқӣ, Д уш а н б е. Муассисаи таълимии махсусест, ки мутахассисони соҳаи мусиқӣ тайёр мекунад. Соли таҳсили 1945—46 дар шаҳри Сталниобод таъсис шудааст. Аввалин директорат Н. А. Будкевич. Аввал шуъбаҳои ғижжак, фортепяно, скрипка, вокалӣ ва дирижёрӣ дошт. Барои муассисаҳои санъат корманд ва мактаб муаллим тайёр мекунад.

Дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ Ҳодимони Хизматнишондодаи санъат Ш. Сайфиддинов, Ё. Сабзанов, X. Абдулло- ев ва як қатор бастакорони номдори ҳозираи тоҷик таҳсил кардаанд. Омӯзишгоҳи мусиқӣ соли 1980 шуъбаҳои фортепяно, назарияи мусиқӣ, дирижёрӣ, оркестри асбоби тордор, халқӣ (аккордеону баян), нафсӣ, хореографӣ, вокалӣ дошт. Соли таҳсили 1982—83 дар шуъбаи рӯзонаи он 540 нафар, дар  шуъбаи ғоибона бештар аз 100 нафар хонанда таҳсил ва 70 нафар омӯзгор кор мекарданд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …