Маълумоти охирин
Главная / Илм / Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ

Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ

Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ баноми М. Олимов, муассисаи таълимию ҳунарист, ки барои республика мутахассисони хунари нафиса тайёр мекунад. Сентябр 1936 дар заминаи Комбинати бадеии Сталинобод таъсис ёфт. 7 шӯъба дорад: рассомӣ-педагогӣ, рассомӣ-ороишӣ; шуъбаи кулолӣ, кандакорӣ дар чӯб, нақши нигорӣ миллӣ, матоъ ва моделкунонии л и б о с и театр ӣ-д е ко­ра т и в ӣ. Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ дорои устохонаи кулолӣ, ороишӣ, наққошӣ, кандакорист.

Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ дар давоми мавҷудияти худ зиёда аз 2400 мутахассис тайёр намудааст, ки дар байни онҳо 36 нафар аъзои ИР ССОР, 1 нафар Рассоми Халқии Тоҷикистон (X. Д. Хушвахтов), 5 нафар Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ва 1 нафар лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (X. Абдурашидов) ҳастанд. Соли 1982 дар Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ бештар аз 500 нафар хонанда таҳсил ва 65 муаллим кор мекарданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …