Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи мусиқӣ

Омӯзишгоҳи мусиқӣ

Омӯзишгоҳи мусиқӣ, ш. Ленинобод ба номи Содирхони     ҳ о ф и з. Муассисаи таълимии махсусест, ки мутахассисони соҳаи мусиқӣ тайёр мекунад. Таъсисаш соли 1929. Аввал 50 нафар таҳсил мекарданд. Омӯзишгоҳи мусиқиро Артистони Халқии СССР P Т. Фозилова, Ғ. Валаматзода, Ҳ. Мавлонова, Артистони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон О. Назаров. М. Иброҳимова, К. Қосимов, Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон И. Абдуллоев хатм намудаанд.

Соли 1962 Омӯзишгоҳи мусиқӣ номи ҳофиз ва оҳангсози машҳури тоҷик Содирхон Бобошарифовро гирифт. Соли 1982 Омӯзишгоҳи мусиқӣ 786 хонанда ва шуъбаҳои асбобҳои халқӣ, нафасӣ, хор, дирижёрӣ, фортепяно, рақси халқӣ, назарияи мусиқӣ, вокалӣ ва коркунони китобхонаю клуб дошт.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …