Маълумоти охирин

Омос

Омос, ташкилаи нав, б л асто м а, афзоиши барзиёду патологии бофтаеро гӯянд, ки аз ҳучайраҳои сифатан тағйирёфта ва аз тафриқа монда иборатанд. Омоси одам бештар аз бофтаҳои апителй (саратон, по­лип), пайвасткунанда (саркома) ва ғайра инкишоф меёбад. Номи Омос аз номи бофтаҳое аст, ки аз онҳо омос ба вуҷуд меояд. Масалан, Омоси бофтаи мушак — миома,   устухон — остеома, асаб — неврома, равған — липома ва ғайра. Сабзиши ҳучайра ё бофта дар Омос aз дигар просессҳое, ки боиси ҳаҷман калон шудани бофта ва ё узвҳо мегарданд (масалан, аз вараме, ки ҳангоми зарбу лат ба вуҷуд меояд), фарқ мекунад.

Ҳуҷайраҳои омосовар, яъне ҳучайраҳои иллатёфтае, ки дар натиҷаи беҳудуд тақсим шудан, омосро ба вуҷуд меоранд, ин хусусияти худро аз насл ба насл гу- заронида метавонанд. Омосҳо ду хел ме­шаванд: Омоси бадасл ва некзод. Омоси некзод бофтаҳои атрофро тела дода месабзанд. Онҳо бо парда (кап­сула) иҳота шудаанд. Ба қисмҳои дигари бадан паҳн намешаванд ва баъди табобат аз нав ба вуҷуд намеоянд.

Омоси бадаслбофтаҳои атрофро ҷаббида вайрон мекунанд, ба восатаи лимфаю хун ба узвҳои дигар паҳн шуда, онҳоро иллатнок меку­нанд. Як гурӯҳ ҳуҷайраҳое, ки қобиланд беҳудуд таҷзия шаванд, Омосеро ба вуҷуд меоранд. Инкишофи минбаъҳои онҳо якчанд давраро дарбар мегирад: давраи гиперплазияи нобаробар (зиёдшавии адади ҳуҷайраҳои омосовар), калоншавии манбаи омос, ба вуҷуд омадани омосӣ некзод ва ба омоси бадасл табдил ёфтани он. Се давраи аввалро дав­раи пеш аз саратонӣ меноманд. Оид ба сабабҳои пайдоиши Омос назарияҳои гуногун мавҷуданд.

Дар байни онҳо назарияи вирусию генӣ бештар маъмул аст. Вале мақоми вирусҳо дар пайдоиши Омос дар одам алҳол исбот нашудааст. Фақат тахмин мекунанд, ки вирусҳо яке аз омилҳои пайдо шудани Омос мебошанд. Дар таҷриба исбот шуда аст, ки Саратон ва Омосҳои дигарро моддаҳои кансерогенӣ (пайвастҳои гуногуни химиявӣ), таъсири шуоъ ва омилҳои дигар ба вуҷуд меоранд.

Аз рӯи маълумоти статистикӣ дар дунё аз 5—6 кас (аз миқдори умуми одамоне, ки дар як сол вафот кардаанд) як кас аз Омоси бадасл вафот мекунад. Соли 1975 аз ҳар 100 ҳазор кас дар СССР 193,7 нафар ва дар Республикаи Советии Сотсиалистии_Тоҷикистон 63,6 нафар (Омоси меъда — 11,3, пӯст — 10,9, сурхрӯда — 3,5, шуш — 5,3, ғадуди шир — 3,9) гирифтори ин беморӣ буданд. Омосро бо усулҳои ҷарроҳӣ, радиоте­рапия ва ғайра табобат мекунанд. Ба­рои бо муваффақият гузаштани та­бобат ташхиси бармаҳали он аҳамияти калон дорад.

Адабиёт: 3 и л  б е р А. А., Вирусогенети­ческая теория возникновения опухолей. 1968; Клиническая онкология, том 1—2, Москва, 1971. Абдурасулов Д. М.. Мно­жественные опухолевые поражения, Таш­кент, 1982.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …