Главная / Илм / Омонимҳо

Омонимҳо

Омонимҳо (юн. йотбз — якхела ва бпута — ном) , калимаҳое, ки аз ҷиҳати талаффуз ва сохт ба ҳам монанд буда, маъноҳои гуногун доранд. Дар забон якчанд роҳи пайдоиши Омонимҳо вуҷуд дорад. Масалан, калима­ҳое ба якдигар омоним мешаванд, ки ягон умумияти маъноӣ надоранд: шаст — рақам, шаст — асбоби моҳигирӣ, Гурӯҳи дигари Омонимҳо, ки ба масъалаи сермаъноии калима дахл доранд, дар натиҷаи инкишофи маънои калима пайдо мешаванд: дам — вақт; дам — овоз, садо; дам —асбо­би оҳангарӣ.

Роди дигари пайдоиши Омонимҳо ба ҳам мувофиқ омадани калимаҳои иқтибосӣ ва калимаҳои маъмулии забон аст. Масалан, ток (токи ан­гур, токи электр). Омофонҳо — калимаҳои талаффузашон якхела, вале навишташон гуногун (тӯп, тӯб — дар ду тӯп талаффуз меша­ванд), омографҳо — калимаҳои аз ҷиҳати навишт якхела, вале аз рӯи талаффуз гуногун (сӯзон — феъли фармоиш, сӯзон — оби сӯзон — сифат) ба Омонимҳо дахл доранд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

petroximiya

Петрохимия

Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ …