Маълумоти охирин

Омоч

Омоч, олати қадимии ҷуфтронист, ки дар Осиёи Миена, Афғонистон ва Тибет истифода бурда мешавад. Омоч аз се қисм: тир, тана ва даста иборат аст. Тир қисми асосии он буда 2—3 метр дарозӣ, 8—10 сантиметр ғафсӣ дорад. Дар тарафи борики тир 2—5 сӯрохии хурд ҳаст, ки Омочро бо юғ  мепайвандад. Тана 1,20 метр дарозӣ дошта, ғафсии қисми поёниаш 15— .18 сантиметр, назди дастааш 10—15 сантиметр шу­да метавонад.

Дастаро аз чӯби 10— 12 сантиметр тайёр намуда ба сӯрохии қисми болоии тана маҳкам мекунанд ва ҷуфтрон ба воситаи он Омосро идора менамояд. Қисми ғафси тирро ба сӯрохии махсуси дар қисми поёнӣ (каҷии кундаи Омоч) воқеъбуда, бо фона мустаҳкам мекунанд. Пеш аз шудгори замин ба нуги тана фона гузошта, тири ба юғ пайвастаро ба гардани говҳо (ба ду барзагов, гоҳо хар) мебанданд.

Омочро танҳо дар районҳои дурдасти кӯҳистон ва за­минҳои хурду ноҳамвор, ки техника кор карда наметавонад, истифода мебаранд. Омоч аз плуги европой бо он фарқ дорад, ки ҳангоми шудгор хокро чаппа накарда, тандо нарм менамояд.

Адабиёт: М у х и д д и н о в И., Земледелие памирских таджиков Вахана и Ишкашима. Москва, 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …