Маълумоти охирин

Омметр

Омметр (аз Ом ва …метр), асбобест барои чен кардани муқовимати фаъоли (омии) электрӣ. Омметр якчанд намуд дорад; мегаомметр, тераом­метр, микроомметр. Ометрро бо андозагираки магнитоэлектрӣ ё логометри магнитоэлектрӣ месозанд. Кори Омметри магнитоэлектрӣ ба чен кардани қувваи ҷараёне асос ёфтааст, ки ҳангоми доимӣ будани шиддати манбаъ аз муқовимати ченшаванда мегузарад.

Аз солҳои 60-уми асри 20 Омметри электронии дорои андозагирии ра­қамӣ, инчунин асбобҳое маъмул гардиданд, ки онҳоро дар компютерҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Ин гуна Омметрҳо хеле ҳассос буда, муқовиматҳои аз 1 МОм то 100 МОм- ро чен мекунанд ва хатоӣ ченкунӣ 0,01—0,05% мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …