Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Омелянский Василий Леонидо­вич

Омелянский Василий Леонидо­вич

Омелянский Василий Леонидо­вич (10. 3. 1867, Полтава — 21. 4. 1928, Гагра), микробиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1923; аъзо-корреспондент 1916). Соли 1890 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1893—1928 дар шуъбаи микробиологияи уму­мии Институти тиббии таҷрибавӣ кор кардааст (аз соли 1912 мудири шуъба).

Асосан мақоми микроорганизмҳоро дар гардиши нитроген ва карбон дар табиат таҳлил кардааст. Омелянский усулҳои чудо ва парвариш кардани бактерияҳои нитронандаро пешниҳод намуда, мор­фология ва физиологияи онҳоро омӯхт. Аввалин шуда бактерияҳои анаэробӣ ва спораҳосилкунандаеро ҷудо намуд, ки клетчаткаро туршонида кислотаҳои органикӣ ва гидро­ген ҳосил мекунанд.

Бактерияҳои анаэробии азотандӯзро омӯхта, мавҷудияти бактерияҳои аз спирти этил метан ҳосилкунандаро исбот кард. Таносуби миқдори нитрогени аз тарафи микроорганизмҳои азотандӯз аз худ шаванда ва имконияти чун индикатори химиявӣ исгифода бурдани микроорганизмҳоро нишон дод. Омелянский солҳои 1906—28 муҳаррири журнали «Ар­хив биологических наук» буд. Асарҳои ӯ «Асосҳои микробиология* (русӣ; 1909) ва «Дастуруламал оид ба микробиология» (русӣ; 1922) дар тарбияи якчанд насли микробиологҳо ёрӣ расонд.

Асос: Избраннҷе труды, том 1—2, Москва, 1953.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …