Маълумоти охирин

Олуиҳо

Олуиҳо (Prunoideae), зероилаи растаниҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ё хазонрезесг мансуби настараниҳо.

Гулҷояшон каму беш фурӯхамида, бештар найчашакл буда, 10—12 гардбарг, 1 ва баъзан 2 ё 5 мевабарг донакмеваи яктухма, баъзан дутухма доранд. Ба Олуиҳо аксари дарахтҳои мевадеҳ зардолу, шафтолу, олу, олуча, олуболу, гелос ва ғайра мансубанд. Олуиҳо тез месабзанд; бинобар ин онҳо растаниҳои зудмевадеҳ ба шумор мераванд.

Бештари намудҳои Олуиҳо дар шароити иқлими гарми ноҳияҳои ҷанубӣ ба вуҷуд омадаанд; аз ин сабаб онҳо аз ҷиҳати экологӣ ба иқлими гарму хушки Осиёи’ Миена мутобиқ шудаанд. Давраи оромии Олуиҳо хеле кӯтоҳ буда, барвақт гул ме­кунанд. Дар шароити Тоҷикистон зуд нашъунамо меёбанд ва аз ҳама пеш мева медиҳанд.

Адабиёт: Розанов В. С., Данилов В. Л., Скороход С. Т., Плодоводство Таджикистана, Душанбе, 1970.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …