Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олуи муқаррарӣ

Олуи муқаррарӣ

Олуи муқаррарӣ (Р. domestica) дарахтест баландиаш то 12 метр. Бар- гаш гуногуншакл (дарозиаш 4—10 сантиметр, бараш 2,5—6 сантиметр), гулаш сафедшакл, ранг, таъм ва мӯҳлати пухта расидани мевааш гуногун аст. Пай- доишаш маълум нест; тахмин ме­кунанд, ки дар натиҷаи дурагашавии табиии олучаву тёрн ва минбаъд бо роҳи интихоб карда парваридан пайдо шудааст. Эрони Шимолӣ, Осиёи Хурд ва Кавказро ватани он мешуморанд. Дар дунё соле зиёда аз 5 миллион тонна ҳосил меғундоранд, ки 80%-и он дар Европа, 10% дар Аме­рика ва 5%-аш дар Осиё ба даст меояд.

Дар СССР 272 ҳазор гектар олузор (зиёда аз 95 миллион бех) ҳаст. Ҳосилнокии он то 70 сентнер/гектар мерасад; аз як бех то 87 килограмм мева мегиранд. Олу зиёда аз 50 сол умр мебинад. Аммо 20—30 сол мева медиҳад. Олуро аз фарғуч, бехҷаст, қаламча ва бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Ҳамчун пайвандтак ниҳоли хасаки олуча, зардолу, шафтолу, олуболу ва ғайраро истифода мебаранд. Олу аз 2—3-солагӣ ҳосил мекунад. Қариб 2 ҳазор навъи Олу мавҷуд аст.

Навъҳои Олуе, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, асосан ба ду гурӯҳ — ренклодҳо, яъне сурх­олу ё заролу («Ренклод Альтана», «Анна Щпет», «Персиковая» ва ғайра) ва венгеркаҳо ё сиёҳолу («Вен­герка итальянская», «Венгерка обы­кновенная» ва «Венгерка ажанская») тааллуқ доранд. Олуи сабз ё заролу («Ренклодзеленый») низ ба гурӯҳи ренклодҳо мансуб аст.

Олуро барои тайёр кардани компот, мураббо, шарбат, рубъ (повидло), мармелад, машрубот ва тархӯрӣ истифода мебаранд. Олу дар таркибаш аз 9 то 20%• қанд, 0,4—3% ҷавҳар, қариб 1% пектин, то 1% моддаҳои даббғӣ, витаминҳои В\, Вг, С, К, РР, А (каротин) ва моддаҳои минералӣ дорад. Гули Олу сершаҳд аст. Аз 1 гектар олузор занбӯри асл то 15—37 килограмм асали хушсифат тайёр мекунад. Тасвир дар саҳифаи 256—257.

Адабиёт.: Симиренко Л. TL, Помоло­гия, том 3. Киев, 1963; Флора Таджик­ской ССР, том 4, Ленинград, 1975; В ахов В. Н.,

Г у б а н о в И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР. Москва,1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …