Маълумоти охирин

Олуча

Олуча, олуи худрӯйро гӯянд, ки ба оилаи настараниҳо тааллуқ до­рад. Се намуди Олуча (дарвозӣ, суғдӣ ва тоҷикистонӣ) маълум аст.

Олучаи д а р в о з ӣ (Prunus darvasica) буттаи мевадорест, ки то 1,5—2,5 метр қад мекашад. Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гу­лаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), мевааш (2,8—3,5 грамм) мудаввар, сиёҳтоб, пӯсташ ғафси, дурушт, сершира, таъмаш нордон, донакаш гирда ё тухмшакл (дарози­аш 1,—1,5 сантиметр). Мохи апрел гул меку­над; мевааш июл — август мепазад. Хоси Осиёи Миёна (Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой) аст. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Хисору Дарвоз (1000—1400 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Аз мевааш мураббо, рубъ (повидло) ва компот тайёр кардан мумкин аст (то 6,35% қанд дорад).

Олучаи суғдӣ (Р. sogdiana) дарахти мевадорест, ки то 5—7 метр қад ме­кашад. Танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш мудаввар ё тухмшакл (дарозиаш 4,5—7 сантиметр, бараш 2,2—5 сантиметр), гулаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,7—2,6 сантиметр), мевааш сершираи донакдор, мудаввар ё тухмшакли зард, сурхи сиёҳ ё норанҷии гулобӣ (вазнаш ба ҳисоби миёна 2,5—3 грамм; аз ҳама калонаш 7—8 грамм) Моҳи апрел гул мекунад. Мевааш июл — август мепазад. Олучаи суғдӣ 4 хел мешавад: зард, сурх ва ғайра (Р. з. var. citrina, Р. э. var. eximia, Р. s. var. deruinosa, P. s. var. atrata). Дар Осиёи Миёна (Помиру Олой ва Тиёншон) мерӯяд. Олучаи суғдӣ хоси ҷангалзори паҳнбарг (800—2480 метр аз сатҳи баҳр) аст. Аз мевааш мураббо, рубъ ва компот тайёр мекунанд; 6,35% қанд дорад.

Олучаи тоҷикистонӣ (Р. tadshi- kistanica) буттаи мевадорест баландиаш 1—2 метр. Баргаш мудаввари байзашакл (дарозиаш 3—4,5 сантиметр, бараш 2—2,5 сантиметр), гулаш майда (диаметраш 1—1,2 сантиметр), сафед, мевааш дарозрӯяи сиёҳ (то 3 сантиметр). Моҳи апрел мешукуфад; мевааш сентябр мепазад. Дар соҳилҳо, нишебиҳои буттазори гармсер ва ғайра (1200—2600 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Хоси Помиру Олой (қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Помири Ғарбӣ) мебошад. Онро дар боғҳои Помири Ғарбӣ парвариш мекунанд. Дар баъзе маҳалҳо олуболуро низ Олуча мегӯянд. Нигаред низ Олу.

Адабиёт: Флора Таджикской ССР, том 4, Ленинград, 1975; Запрягав ва В. И., Лесные ре­сурсы Памир-лАлая, Ленинград, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …