Маълумоти охирин

Олуболу

Олуболу, олучабандак, олуча (Cerasus vulgaris), дарахт ё буттаест аз настараиҳо; меваи маъмул. Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, мудаввар, сершираи донакдор, таъмаш турш. Моҳи апрел мешукуфад; мевааш июл мепазад.

Олуи худрӯй маълум нест. Тахмин мекунанд, ки Олуро аз соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ ё Қрим ба Рим бурдаанд. Дар асри 1 милод аллакай дар аксар кишварҳои Европа парвариш мекарданд. Ҳоло дар дунё соле қариб 2,5 миллион тонна Олу меғундоранд. Дар СССР қариб 330 ҳазор гектар олуболузор (150 миллион бех) ҳаст; аз ҳар гектар то 21 сентнер (аз 1 бех то 80 килограмм) ҳосил меғундоранд.

Дар СССР бештар аз 100 навъи Олуболу («Аморел», «Владимирская», «Жу­ковская», «Кенсткая», «Краса Севе­ра», «Любская», «Подбелская», «Шубинка» ва ғайра)-ро парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои самарқандӣ, пешпазак, Олуболуи сиёҳ, майдаяк ва ғайра маъмул шуда­аст.

Олуболуро асосан барои тайёр кардани мураббо, консерв, кисел, май, шар­бат, компот ва барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Гули Олуболу сершахд аст. Аз як гектар олуболузор занбӯри асал то 75 килограмм асали хушсифат тайёр мекунад.

Адабиёт: Флора ‘Таджикской ССР, том 4, Ленинград,

1975; Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные расте­ния СССР, Москва, 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …