Маълумоти охирин

Олу

Олу (Prunus), ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тои дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл.

Дар Европа, Осиё ва Америкаи Шимоли зиёда аз 30 намуди Олу мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 намуди худрӯй ва 5 –намуди Oлуи мазрӯъ ё худрӯйшуда (Олуи муқаррарӣ, кӯксултон — Р. nachichova- nica, заролу—Р. salicina, сурхолу — P.simonii, Р. arasifera var. pissardii) месабзад. Махсусан Олуи муқаррариро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мепарваранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …