Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Олтойҳо

Олтойҳо

Олтойҳо (аз соли 1922то 1948 ой­ротҳо низ меномиданд), халқиятест, ки дар Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтойи кишвари Олтойи РСФСР зиндагӣ мекунад. Дар гузашта номи умумии гурӯҳи қабилаҳои туркизабон, ки дар Кӯҳистони Олтой ва қисман дар Олтойи Кузнеск маскун буданд.

Шумораашон 60 ҳазор нафар (1979). Ба забони олтойи гап мезананд. Аз ҷидати этнографӣ ба Олтойи шимол ва ҷануб тақсим мешаванд. Олтойи шимол, эҳтимол, дар натиҷаи муносибатҳои дарозмуддати қабилаҳои қадимаи самодиҳо, кетҳо, угрҳо ва туркҳо пайдо шуда бошанд. Ба Олтойи шимол тубаларҳо (соҳили чапи дарёи Бий ва соҳили шимоли ғарбии кӯли Телес), челканҳо ё лебедиҳо (ҳавзаи дарёи Ле­бед), кумандиҳо (миёнаи ҷараёни Д. Бий) дохиланд.

Ба ҷумлаи Олтой ҷануб худи Олтой ё олтой-кижҳо, теленгҳо бо телесҳо ва телеутҳо дохи­ланд, ки дар як қатор районҳон Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтой маскунанд. Олтойи ҷануб аз омезиши қабилаҳои (асрҳои 6—8) қадимаи турки Саяну Олтой ва қабилаҳои муғул ташаккул ёфтаанд. Дар гузашта бо чорводорию шикор машғул буданд. Онҳо хат надоштанд ва дар байни онҳо сохти патрнархалию феодали ҳукмрон буд. Олтой дар солҳои Ҳокимияти Совети ба халқияти сотсиалистӣ табдил ёфта, иқтисодиёт ва маданияти миллиро инкишоф доданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …