Маълумоти охирин

Олтой

Олтой кишвар, дар ҳайати РСФСР. 28 сентябри 1937 ташкил шудааст. Дар ҷануби ғарии Сибир, дар ҳавзаи болооби дарёи Об ва шохобҳои он — Бия ва Катун воқеъ гардидааст. Кишвар қариб тамоми Олтой, нишебиҳои ғарбии Салаир ва территорияи наздикӯҳии ҳамшафат — Олтойи Даштиро дарбар мегирад. Дар Ҷануби  Шарқ бо РХМ ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Масоҳат 261,7 ҳазор километр\ Аҳолиаш 2657 ҳазор нафар. (1979). Олтой ба 64 рай­он тақсим шуда, 10 шаҳр ва ЗЗ посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Барнаул. Вилояти Автономии Кӯҳистопи Олтой ба ҳайати кишвар дохил аст.

            Табиат. Территорияи кишвар ба нодияҳои ҳамвор ва кӯҳистон тақсим шу- дааст. Қисми шимоли ғарбии территорияро канори ҷануби ғарбии ҳамвории Сиби­ри Ғарбӣ ишғол кардааст. Қисми калонтарини он — дашти Кулунда ва пуштакӯҳи Назди Оби соҳили чап, даманаи кӯҳ ва нишебиҳои қаторкӯҳи Салаири соҳили рости дарёи Обро дар бар мегирад. Дарёҳои калонтарин: Об ва шохобҳои он (Бия, Катун). Кӯлҳои калонтарин: Ку­лунда, Кучук ва Телес. Иқлими қисми ҳамворӣ мӯътадил, ниҳоят континентӣ: Ҳарорати январ —19° Селсия, июл 18,9° Селсия.

Боришоти солона 250—350 миллиметр, дар кӯҳсор 1500—3000 миллиметр, дар пастхамию водиҳо 150—200 миллиметр. Замини қисми хамвории кишвар сиёдхок, қисми ғарбии он шӯрхок, хоки кӯҳҳо хокистарранг. Қариб 1/3 территорияи кишвар ҷангалзор. Қисми ҳамвориро дашту бешадашт ишғол кар­дааст. Растаниҳои даштӣ боқӣ намондаанд. Дар минтақаи баландкӯҳ марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ ва тундраи кӯҳӣ мавҷуданд.

Дар кишвар хояндаҳо, гург, рӯбоҳ, хази даштӣ, шоҳгавазн, гавазн, буз ва гӯсфанди кӯҳӣ, аз паррандаҳо ҷӯр, лойхурак ва ғайра ҳаётанд. Дар қисми ҷануби шарқии кишвар мамнӯъгоҳи Олтой воқеъ аст.

            Аҳолӣ. Дар Олтой асосан русҳо, инчунин украинҳо, белорусҳо ва дигар халқҳо, дар Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтой олтойиҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 10,3 нафар. Дар қисми хамвории бешадашт ва дашт зичии аҳолӣ дар 1 километр2 25— 30 нафар мебошад. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар территорияи  кишвар ҳамагӣ 3 шаҳр — Барнаул, Бийск, Славгород буд.  Дар давраи советӣ шаҳрҳои зе­рин бунёд гардиданд: Камени лаби Об, Рубсовск, Новоалтайск, Горно- Алтайск, Алейск, Змеиногорск.

            Хоҷагӣ. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ аз диёри қафомондаи агра­рии Россия ба кишвари аз ҷихати саноат ва хоҷагии қишлоқ мутараққии сотсиалистӣ табдил ёфт. Олтой яке аз ноҳияҳои муҳими галлакории СССР ба шумор меравад. Дар солҳои 1917—67 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати кишвар 600 маротиба афзуд. Дар кишвар саноати мошинсозӣ ва коркарди металл, химия ва масолеҳи бинокорӣ мавҷуд аст. Саноати сабук ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст.

Вазни қиёсии саноати мошинсозӣ ва коркарди металл 37%’, саноати хӯрокворӣ 23%, бофандагӣ 12%* маҳсулоти умумии саноатро ташкил менамояд. Асоси энергетикаи кишварро ангишти Кузбасс ва қисман энергияи электри ГЭС-ҳои Уст-Камено­горск (Республикаи Советии Сотсиалистии  Қазоқистон) ва Новосибирск ташкил мекунад. Корхонахои мошинсозӣ ва коркарди металл асосан дар Барнаул, Рубсовск, Новоалтайск ва Славгород ҷой гирифтаанд, ки онҳо трактор, таҷхизоти электрӣ ба­рон тракеорхо, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, қисмҳои эҳтиётӣ, мотор, дегҳои буғӣ, вагону печҳои электрӣ ва ғайра истеҳсол мекунанд. Сарватҳои зеризаминӣ: масолехи бинокорӣ (санг, се­мент, оҳак, peг, қум), тилло, симоб, металлҳои ранга, нодир ва ғайра. Аз кӯ­ли Кулунда намаки ош, намаки глаберӣ ва сода истеҳсол мекунад.

Дар кишвар корхонахои химиявӣ бисёранд. Чӯби аз нишебиҳои кӯҳи Салаир тайёр кардашуда бо дарёҳо ба стансияҳои роҳи оҳани Барнаул, Бийск, Талменка ронда мешавад. Дар киш­вар корхонаҳои тахтабуррӣ, гӯгирд, фанер ва мебел ҳаст. Истеҳсоли ма­тои пахтагин, трикотаж, ҷӯробҳои занонаю мардона ва ғайра тараққӣ кар­дааст. Дар кишвар корхонаҳои чарму пойафзол, пӯстин, коркарди мӯ- ина ва ғайра кор мекунад.

Кишвар аз, ҷиҳати истедҳсоли маска дар РСФСР- ҷои 1-умро гирифта ва соли 1978 23,5 ҳазор сентнер маска истеҳсол карда буд. Олтой ноҳияи асосии хоҷагии қишлоқи Сибир мебо­шад. Дар кишвар асосан гандум, ҷу- воримакка, сули, арзан, марҷумак, аз зироати техникӣ лаблабӯи қанд, офтобпараст, зағир, зағири дарознах, бангдона кишт мекунанд. Чорводорӣ дар cap то сари кишвар тараққӣ кардааст.

Дар Кулунда ва Кӯҳистони Олтой чорвои гӯшту пашмдеҳ парвариш карда мешавад. Парвариши ҳайвони мӯинадор ва занбӯрпарварӣ низ барои кишвар аҳамияти калон доранд. Дар Кӯҳистони Олтой шикор ривоҷ ёфтааст (асосан санҷоб, рӯбоҳ, ондатра, самур шикор карда ме­шавад). Тӯли роҳи оҳан 1710 километр. Роҳи оҳани асосӣ: Новосибирск — Барна­ул, Рубсовск — Семипалатинск. Дарозии роҳи автомобилгард — 31,8 ҳазор километр.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1978—79 дар 1857 мактаби маълумоти умумӣ 364,6 ҳазор талаба, дар 8 мактаби олӣ 38,3 ҳазор студент ва дар 47 мактаби миёнаи махсус 50,9 ҳазор талаба мехонд. Соли 1979 дар кишвар 1453 китобхонаи оммавӣ, 5 музей, 6 театр, 1989 клуб, 2223 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, соли 1979 дар Олтой 7639 духтур ва дар беморхонаҳои он 35,6 ҳазор кат буд. Дар муассисаҳои томактабӣ 124,9 ҳазор кӯдак тарбия мегирифт. Газетаҳои кишварии «Алтайская правда» (аз соли 1917), «Молодежь Алтая» (аз 1920) нашр мешаванд. Марказҳои телевизион дар Барнаул ва Бийск воқеъ гардидаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …