Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Олтой Гоби

Олтой Гоби

Олтой Гоби, системаи кӯҳиест дар ҷануби РХМ, давоми Олтойи Муғул дар самти ҷануби шарқии он. Тӯлаш зиёда аз 500 километр. Асосан 1500—2500 метр баландӣ дорад. Нуқтаи баландтаринаш Ихэ—Богдо—Ула (3957 метр).

Олтойи Гоби аз як қатор массиву қатокӯҳҳо иборат аст, ки онҳо аз гра­нит, регсанг ва варақсангҳои крис­таллӣ таркиб ёфтаанд. Ландшафт назди доманакӯҳҳо — нимбиёбони ковилзор, нишебии кӯҳҳо — даштҳои кӯҳӣ. Кӯҳсори Олтойи Гоби серзилзила аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …