Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Олтинтопган

Олтинтопган

Олтинтопган, кони маъдани полиметаллиест, ки дар шимоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҷануби ғарби қаторкӯҳи Қурама воқеъ гаштааст. Майдони кон дар зонаи вайронаҳои тектоникии байни гранитоидҳои синнашон палеозоӣ боло ва ҷинсҳои карбонатии давраҳои девони боло — карбони поён ҷойтир шудааст.

Дар ин зона ҷинсҳои магмавӣ (гранодиорит-порфир, гранит-порфир, порфиритҳои диабазӣ) дар шакли шток ва дайка фаровонанд. Дар контакти (ҷои баҳамрасии) ана ҳамин ҷинсҳои магмавию қабатҳои регсашг, оҳаксанг ва вараксангҳо ҷинсҳои скарнии маъдан- дор ҳосил шудаанд, ки тӯлашон то ба 1 километр ва ғафсиашон то ба даҳҳо метр мерасад. Ҷинсҳои скарнӣ аз беҷодаю пироксен, галенит, сфалерит ва дигар минералҳо таркиб ёфтаанд.

Ҳамроҳи ҷинсҳои скарнӣ ҷинсҳои тағйирёфтаи кварсу эпидотдор, кварсу эпидоту хлоритдор ва минералҳои гурӯҳи сулфид дучор мешаванд. Сарватҳои зеризаминии кон асосан минералҳои галенит ва сфалерит ба шумор мераванд, ки аз онҳо сурб ва руҳ гирифта мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …