Маълумоти охирин

Олстер

Олстер (Ulster), 1) вилояти таърихӣ дар қисми шимоли ҷазираи Ир­ландия. Аз нимаи дуюми асри 12 тобеи Англия. Асрҳои 16—18 маркази шӯришҳои зиддимустамликадорӣ гардид. Баробари тараққиёти капита­лизм дар Ирландия саноати Олстер низ зуд ривоҷ ёфт. Консерваторҳои англис аз низоъҳои миллӣ ва динӣ (байни католикҳою протестантҳо) истифода бурда, солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) Олстерро ба майдо­ни муборизаи зидди автономияи Ир­ландия ва ба такягоҳи ҳаракати се­паратии юнониҳо (тарафдороии ягонагии Англияю Ирландия) табдил доданд.

Мувофиқи созишномаи Анг­лияю Ирландия (1921) қисми зиёди Олстер (6 графӣ: Антрим, Арма, Даун, Лондондерри, Тирон ва Фермана) мутеи Британияи Кабир гардид (нигаред Ирландияи Шимолӣ); графиҳои До­негол, Монахан ва Каван ба хайати музофоти Олстери давлати мустақили Ирландия (аз 1949 Республикаи Ирландия) дохил шуданд. 2) Дар матбуот баъзан он қисми Ир­ландия (6 графи)-ро, ки ба ҳайати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дохил мешавад, Олстер меноманд.

Охири солҳои 60 ва аввали 70-уми асри 20 ба фишори полисия ва террори унсурҳои рости экстремистӣ нигоҳ накарда дар ин графиҳо барои ҳимояи ҳуқуқи католикҳои ақаллият ҳаракатҳои демократӣ ҳарҷониба авҷ гирифтанд. Соли 1969 ҳукумати Англия бо баҳонаи ҷорӣ кардани тартибот ба ин ҷо қӯшун фиристод. Аз соли 1972 ин ҷониб Ирландияи Шимолӣ бевосита аз Лондон идора карда меша­вад; ҳукумат ва парламенти Ирлан­дияи Шимолӣ бошад, пароканда карда шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …